11:39 05 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Пайвандҳои таърихии Тоҷикистону Покистон аз қадим маншаъ мегиранд, ки онҳо зербинои мустаҳками равобити муосири кишварҳои моро ташкил медиҳанд, дар солҳои ахир робитаву муносибатҳои анъанавии дӯстонаи ду ҷониб дар ҳамаи арсаҳо рушд кардаанд.

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Имрӯз, 14 август райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии нахуствазири Покистон Навоз Шариф дар робита ба ҷашни истиқлоли он кишвар барқияи табрикоти ирсол кард, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

"Ба муносибати фаро расидани солгарди ҷашни муборак — Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии исломии Покистон шумо- Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми дӯсти кишварро самимона табрик ва таҳният менамоям",- омадааст дар номаи президенти ҶТ.

Дар барқияи табрикотӣ ҳамчунин зикр мешавад, ки Покистон дар солҳои охир ба пешрафтҳои чашмрас дар ҳама арсаҳо дастёб шуда, дар равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ширкати фаъол дорад. Оғоз гаштани раванди дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай узвияти комил пайдо намудани Покистон шоҳиди возеҳи ин гуфтаҳост ва мо чун дӯстони ҳақиқӣ аз он қаноатманд ва хушнудем.

"Пайвандҳои таърихии Тоҷикистону Покистон аз қадим маншаъ мегиранд, ки онҳо зербинои мустаҳками равобити муосири кишварҳои моро ташкил медиҳанд, дар солҳои ахир робитаву муносибатҳои анъанавии дӯстонаи ду ҷониб дар ҳамаи арсаҳо рушд кардаанд",-идома медиҳад оқои Раҳмон.

Дар поёни нома қайд гардидааст, мо итминони комил дорем, ки тавофуқоти Тоҷикистону Покистон, ки зимни  сафарҳои нахуствазир он кишвар ба Душанбе ба даст омадаанд,   амалӣ гардида, ҷавобгӯи ормонҳои мардумони мо мегарданд.   

Барчаспҳо:
шодбошӣ, Раҳмон ба нахуствазири Покистон барқияи табрикотӣ ирсол кард, номаи табрикотӣ, сарвазири Покистон, президенти Тоҷикистон, Навоз Шариф, Эмомалӣ Раҳмон, Покистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ