13:07 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.64
  • RUB0.15
Дар анҷумани ҲХДТ. Акс аз бойгонӣ

ҲХДТ ба хонандагони синфи якум кӯмак мерасонад

© Flickr / Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1610

Аз 15 август то 1 сентябр комиҷроияҳои ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва кӯмаки молии соҳибкорон, фаъолони ҲХДТ барои талабаҳои эҳтиёҷманд ва кӯдаконе, ки бори аввал ба мактаб мераванд, асбобу анҷоми таълимӣ ва сарулибоси мактабӣ тақдим мекунанд.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik.Бо ибтикори дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон  «Созандагони Ватан» ба муносибати оғози Соли нави таҳсил иқдоми «Мактаб-даргоҳи маърифат» роҳандозӣ мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

"Аз 15 август то 1 сентябр комиҷроияҳои ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва кӯмаки молии соҳибкорон, фаъолони ҲХДТ барои талабаҳои эҳтиёҷманд ва кӯдаконе, ки бори аввал ба мактаб мераванд, асбобу анҷоми таълимӣ ва сарулибоси мактабӣ тақдим мекунанд",- менависад манбаъ.

Ҳамзамон, дар заминаи ин иқдом кулли сохторҳои ҳизбии вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ, намояндагиҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» вазифадор шудаанд, ки бо ҷалби васеи масъулину фаъолони ҳизбӣ ва аъзоёну ихтиёриёни ташкилоти «Созандагон» корҳои таблиғотиро оид ба таълиму тарбия, баланд бардоштани маърифати насли ҷавон, сафарбар кардани наврасон ба донишомўзӣ ва ғайра вусъат бахшанд.

Гуфта мешавад, ташаббуси мазкур дар асоси нақшаи фаъолияти дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва дастурҳои президент Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди рушди маърифати ҷавонон ва дар сатҳи баланди маънавӣ истиқбол гирифтани Соли нави хониши 2015-2016 амалӣ гардонда мешавад.

Дар доираи татбиқи ин ташаббус бештар ба масъалаи ҷалби хонандагон дар деҳоти навоҳии кӯҳистон ба зинаи сеюми таҳсилот (синфҳои 10-11) равона шуда, навгониҳои бахши мактабу маориф шарҳу эзоҳ дода мешаванд.

Барчаспҳо:
ба хонандагони синфи як ёрдам медиҳанд, ташаббуси президент, иқдоми навбатии ҲХДТ, кумак, Созандагони Ватан, ҲХДТ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ