19:46 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон аз Туркманистон хост, рафтуомадро сода бигардонад

Фотохост-агентство
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1001

Раисҷумҳур гуфтааст, заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон тақрибан аз ҳафтод ҳуҷҷат иборат аст.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон аз Туркманистон хостааст байни ин кишварҳо рафтуомади мусофирон ва интиқоли бор сода карда шавад, омадааст дар сомонаи президент.

"Мо боварӣ дорем, ки ба роҳ мондани хизматрасонии ҳавоӣ ва роҳи оҳани байни пойтахтҳоямон барои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар омили пуриқтидор хоҳад гардид", — илова кардааст дар изҳороти матбуотии худ Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон афзудааст, мутмаин  аст, ки сафараш ба он кишвар бо натиҷаҳои хуб кишварҳо ва мардумро наздиктар сохта, барои ҳамкориҳои муваффақ заминаи иловагӣ фароҳам меорад.

"Ташкили корхонаҳои муштарак, ифтитоҳи марказҳои савдо, ҳамкориҳои боз ҳам наздиктар дар соҳаи нақлиёт, содагардонии сафарҳои доираҳои соҳибкорӣ ва дастгирии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар низоми фаъол дар назар аст", — афзудааст президент.

Раисҷумҳур гуфтааст, заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон тақрибан аз ҳафтод ҳуҷҷат иборат аст.

"Бо назардошти он, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон дар солҳои охир босуръат рушд мекунанд, ташкили инфрасохтори нақлиётию транзитӣ ба ҳавасмандии рушди соҳаҳои гуногун имкон фароҳам меорад", — баён доштааст раисҷумҳур.

Дар интиҳои изҳорот Эмомалӣ Раҳмон аз Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои даъват ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои вобаста ба эълонгардии Соли бетарафӣ ва сулҳ изҳори сипос намуда, аз вай даъват кардааст, ки ба Тоҷикистон "бо мақсади пайдо кардани имконияти роҳҳои амалӣ гардонидани ин ҳадафҳои наҷиб сафари расмӣ анҷом диҳад".

Барчаспҳо:
сафар, ҳамкорӣ, сафари Раҳмон ба Ашқобод, боздиди сарвари Тоҷикистон аз Туркманистон, матбуот, изҳороти матбуотӣ, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Эмомалӣ Раҳмон, Туркманистон

Мавзӯъҳои асосӣ