16:06 16 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Рамзи ҲНИТ дар бинои асосии он дар шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Ба дари қароргоҳи ҲНИТ дар Душанбе муҳр заданд

© Sputnik
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
12 0 0

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ба дари қароргоҳи асосии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Душанбе муҳр зада, фаъолият дар дафтари мазкурро муваққатан мамнӯъ эълон кардаанд, менависад сомонаи ин ҳизби сиёсӣ.

"Шоми 24-уми август намояндагони Прокуратураи генералӣ ва Суди олии иқтисодӣ ба дари қароргоҳи ҲНИТ воқеъ дар кӯчаи Борбад 1, дар шаҳри Душанбе муҳр задаанд.  Барои бастани дари дафтари корӣ қарори Суди олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Прокуратураи генералӣ содир шудааст".

Ба навиштаи сомона, Прокуратураи генералӣ гуфтааст, ки муҳр задан ба дари қароргоҳ ба баҳси ҳалнашудаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ бо соҳибмулки бинои қароргоҳи марказии ҲНИТ, ғайриқонунӣ харидорӣ шудани бинои мазкур, ки ба ширкати "Тиҷорат" мутааллиқ буд, марбут мебошад. Гуфта мешавад, то 10 рӯзи мавриди ҳаллу баррасӣ қарор гирифтани баҳси мазкур, ҲНИТ иҷозати пешбурди кор дар ин биноро надорад.

Маврид ба ёдоварист, чанде қабл як гурӯҳ аз намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи андоз, "Тоҷикстандарт", Идораи санитарӣ- эпидемиологӣ дар асоси мактуби вазорати фарҳанг дар чопхонаи "Муаттар", ки ҳафтаномаи "Наҷот" дар он нашр мешуд, санҷиш гузаронда, ба дари матбааи ҳизб мӯҳр заданд.

Мавзуҳо:
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)

Мавзуъ

Муовини Кабирӣ: дари ҲНИТ ҳамагӣ якшабонарӯз баста буд
Анҷумани навбатии ҲНИТ 15 сентябр баргузор мешавад
Барчаспҳо:
баста шудани дари ҲНИТ, фаъолият дар қароргоҳ муваққатан манъ гардид, дари ҲНИТ муҳр зада шуд, ҲНИТ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ