01:17 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.02
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Сафари кории президент ба Кӯлоб аз зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки имсол 700 - солагии ӯро дар саросари кишвар васеъ ҷашн мегиранд, оғоз гардид.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба шаҳри Кӯлоб сафар кард, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии райисҷумҳур.

Ба иттилоъи манбаъ, ҳадаф аз боздиди кории сарвари давлат аз ин минтақа иштирок дар оғози тантанаҳои ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҷлили 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва пойтахти фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳр мебошад.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон аз зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки     имсол 700 — солагии ӯро дар саросари кишвар васеъ ҷашн мегиранд, оғоз гардид.

Маврид ба зикр аст, ки ба ифтихори ин сана бо дастгирии райисҷумҳур Осорхонаи шафати оромгоҳ ва гунбазҳои мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз тарафи фармоишгар — Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншоотҳои инфрасохтории иҷтимоӣ азнавсозӣ карда шуд.

Барчаспҳо:
ташрифи сарвари давлат ба ҷануби кишвар, боздиди кории райисҷумҳур аз Кӯлоб, шиносоӣ бо вазъи минтақа, оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Кӯлоб, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ