12:14 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Анҷумани ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ

Таъхири анҷумани ҲНИТ

Официальная страница ПИВТ в Facebook
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
20 0 0

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли равон ширкат карда, дар маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ соҳиби курсии вакилӣ шуда натавонист.

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) баргузории анмҷунаи ҳисоботӣ-интихоботии худро ба таъхир андохтааст, омадааст дар баёниёи Шӯрои сиёсии ин ҳизб.

ҲНИТ тасмим дошт, анҷумани худро 15 сентябри соли равон баргузор кунад. Аммо бо қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дарҳои қароргоҳи марказии он баста шуда, ҳоло манзили зисти раҳбари он- Муҳинддин Кабирӣ ҳамчун қароргоҳи муваққати ин ҳизб истифода мешавад.

"Вобаста ба ҳаводиси ахиран дар кишвар рӯхдода, ҳамчунин таҳдиду фишорҳои рӯзафзун болои бахшу шӯъбаҳои ҲНИТ дар маҳалҳо ва инчунин бо қарори Суди иқтисоди шаҳри Душанбе баста шудани қароргоҳии марказии ҳизб дар ҷаласаи 4 сентябр баргузории анҷумани навбатӣ ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд", —омадааст дар изҳорот.

Рӯзи 28 сентябри соли равон Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот фаъолияти ҲНИТ-ро ғайриқонунӣ хонда, ба раҳбарияти ҳизб огаҳӣ дод, то фаъолияти ин ҳизбро қатъ кунанд. Ин ниҳод гуфт, тибқи асноди пешниҳодшуда ба Вазорати адлия фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҲНИТ дар 58 шаҳру навоҳии Тоҷикистон қатъ шудааст ва аз ин рӯз, ин ҳизб дигар ҳизби умумиҷумҳурявӣ ҳисобида намешавад.

Масъулини ҲНИТ гуфтаанд, агар Вазорати адлияти Тоҷикистон протоколҳо дар бораи қатъи фаъолияти ташкилотҳои ибтидои ин ҳизбро дастрас карда бошад, пас нусхаи онҳо ба Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳатман бояд пешниҳод мешуданд, ки то ҳол нашудааст. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон ва ойинномаи ҲНИТ танҳо ҳизб ҳаққи кушодан ё бастани ташкилоти ибтидоиро дорад.

Мавзуҳо:
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)

Мавзуъ

Вазорати адлия ба ҲНИТ 10 рӯз мӯҳлат дод
Вазорати адлия: муроҷиати ҲНИТ ғаразнок аст
Барчаспҳо:
фишор боли ҳизби наҳзат, баёнияи Шӯрои олии сиёсии ҲНИТ, анҷумани ҲНИТ ба таъхир афтод, Вазорати адлия, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ