17:08 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон и Владимир Путин дар ҷаласаи СҲШ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Мулоқоти Путину Раҳмон имрӯз баргузор мешавад

© Sputnik / Михаил Климентьев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД дар Душанбе (12)
7 0 0

Сарвари давлати Русияро дар фурудгоҳи байналмилалӣ нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Шоми рӯзи гузашта президенти Русия Владимир Путин барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.

Сарвари давлати Русияро дар фурудгоҳи байналмилалӣ нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт.

Шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ сайру гашти роҳбарони кишварҳои аъзои СПАД-ро, ки барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои ин ниҳод ба Душанбе омадаанд,  дар яке аз боғҳои истироҳатии пойтахт намоиш доданд.

Бино ба иттилоъи хадамоти матбуотии Кремл, мулоқоти президенти Русия Владимир Путин бо раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 15 сентябр  дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ҳамин рӯз ҳамчунин мулоқоти раисҷумҳури ФР бо раҳбари Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ дар назар аст. Ҳамчунин ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ имрӯз сурат хоҳад гирифт.

"Таваҷҷӯҳи аслии ҷонибҳо дар нишасту ҳамоишҳои Душанбе ба танзими ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низомӣ равона хоҳад гардид. Ҷамъбасти натоиҷи машқу тамриноти неруҳои вокуниши сареъ (КСОР)-и СПАД аз ҷумлаи дигар масоили матраҳшаванда мебошад",- омадааст дар иттилоъия.

 

Мавзуҳо:
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД дар Душанбе (12)

Мавзуъ

Раҳмону Путин дар бораи чӣ суҳбат хоҳанд кард?
Барчаспҳо:
мулоқоти раисҷумҳури ФР бо президенти ҶТ дар назар аст, дар фурудгоҳ нахуствазир ӯро пешвоз гирифт, Путин ба Душанбе омад, ҷаласаи Шӯрои СПАД, ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои СПАД, КСОР, СПАД, Алмосбек Атамбоев, Қоҳир Расулзода, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Кремл, Душанбе, Тоҷикистон, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ