18:32 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД дар Душанбе (12)
8 0 0

Дар вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин масоили вобаста ба таҳким ва густариши муносиботи гуногунҷанбаи ду шарики стратегӣ баррасӣ шуд.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ки шоми дирӯз барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои СПАД ба шаҳри Душанбе омад, мулоқот кард, менависад сомонаи сарвари давлат.

Дар нишаст масоили вобаста ба таҳким ва густариши муносиботи бисёрҷанбаи ду шарики стратегӣ баррасӣ шуд.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин барои дастгирӣ аз тадбирҳои амниятии Тоҷикистон дар оғози моҳи сентябр ва ҳам барои ирсоли кӯмаки башардӯстона ба осебдидагони офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон арзи сипос намуд.

Дар навбати худ Владимир Путин бори дигар омодагии Русияро барои дастгирии ҳамаҷониба аз рушди Тоҷикистон таъкид дошта, аз ҷумла изҳор намуд, ки муносиботи Русияву Тоҷикистон бар иттифоқчигию баробарҳуқуқии ду ҷониб асос ёфтаанд.

Роҳбарони ҳар ду кишвар аз ҳамгироии мунтазам ва босамари ниҳодҳои корҳои хориҷӣ ва сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар нишаст ҳамчунин қайд гардид, ки Русия ҳамоно шарики рақами аввали сармоягузори Тоҷикистон боқӣ мемонад, зеро сармояи мустақими аз ин кишвар воридшуда баробар ба 1,2 миллиард доллари амрикоӣ аст. Ин адад қариб ба нисфи ҳамаи сармоягузории мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон баробар мебошад. Соли 2014 гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия дар муқоиса ба соли 2013 ҳудуди 38% афзудааст.

Мавзуҳо:
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД дар Душанбе (12)
Барчаспҳо:
масъалаи амният баррасӣ гардид, табодули амвол миёни ФР ва ҶТ афзоиш ёфтааст, изҳори сипоси Раҳмон аз Путин, мулоқоти Раҳмону Путин, СПАД, раисҷумҳури Русия, президенти Тоҷикистон, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ