18:16 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Владимир Путин, Александр Лукашенко, Нурсултон Назарбоев ва Эмомалӣ Раҳмон аснои сайругашт дар қароргоҳи президенти ҶТ

Натоиҷи ҷаласаи СПАД-2015 дар Душанбе

© Sputnik / Михаил Климентьев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД дар Душанбе (12)
9 0 0

Дар баробари баррасӣ шудани масоили вобаста ба таъмини амнияту субот дар қаламрави масъулияти СПАД, ҷараён ва натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон мавриди муҳокима қарор гирифт.

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Рӯзи гузашта дар Кохи мавсум ба Миллати шаҳри Душанбе иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ  дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, менависад АМИТ Ховар.

Маврид ба ёдоварист, барои ширкат дар ҳамоиши сатҳи олии СПАД ба Тоҷикистон роҳбарони ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон, аз ҷумла Арманистон — Серж Саргсян, Белорус — Александр Лукашенко, Федератсияи Русия — Владимир Путин, Қазоқистон — Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон — Алмазбек Атамбоев ва сарвари кишвари мизбон, Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омаданд.

Нишасти мазкур бо аксгирии умумӣ оғоз ёфта, бо баргузории ҷаласаи хосаи сарони давлатҳо, ҷаласаи васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ва намояндагони созмонҳои дигари минтақавию байналмилалӣ идома ёфт ва бо имзои санадҳо ва изҳороти муштараки матбуотӣ ба поён расид.

Дар баробари баррасӣ шудани масоили вобаста ба таъмини амнияту субот дар қаламрави масъулияти СПАД, ҷараён ва натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар нишасти дирӯза ба ҳамоишҳои роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СПАД ва машқҳои низомию махсус, ки дар ҳудуди Тоҷикистон бо иштироки воҳидҳои низомӣ ва нерӯҳои ниҳодҳои дигар аз ин давлатҳо ҷараён гирифтанд, баҳои баланд дода шуд. Зикр гардид, ки тамриноти  муштараки низомию махсуси кишварҳои аъзои СПАД дар Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ ва фаврияти вокунишҳои зарурии ниҳодҳои дахлдори ин давлатҳоро нишон дод.

Аснои суханронӣ  сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шиддат гирифтани авзои сиёсию иҷтимоӣ дар минтақа ва ҷаҳон ва ҳамчунин мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтани имконоти глобализатсия аз ҷониби нерӯҳои террористию ифротгаро изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки чунин вазъият аз мо амалҳои ҳамоҳангшудаи таъхирнопазирро талаб мекунад, то ки ҳаёти осудаю осоиштаи кишварҳо ва мардумонамонро таъмин намоем.

Ба қавли раисҷумҳури ҶТ, шарикони мо аз кишварҳои СПАД барои тақвият додани имконоти ҳарбию сарҳадбонии Тоҷикистон чун кишвари ҳаммарз бо Афғонистон бояд талошҳои ҳамоҳангшудаи дуҷонибаю бисёрҷониба дошта бошанд. Оқои Раҳмон ҳамчунин тавсиаи робитаҳои СПАД ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро амри зарурӣ номид.

Дар охири ҷаласаи ҳайатҳои васеъ як зумра санадҳои муҳим ба имзо расид, ки ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи СПАД мусоидат хоҳанд кард.

Мавзуҳо:
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД дар Душанбе (12)
Барчаспҳо:
ҷамъбасти кори ҷаласаи сарони Шӯрои СПАД, натиҷаҳои ҷаласаи СПАД, изҳорот, СПАД, СҲШ, Алмосбек Отамбоев, Александр Лукашенко, Нурсултон Назарбоев, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Белорус, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Душанбе, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ