Сафири Тоҷикистон дар Украина эътимодномаашро ба ВКХ супорид

© Официальная страница МИД РТ в FacebookСафири ҶТ дар Украина Файзулло Холбобоев бо муовини вазири умури хориҷаи Украина Елена Зеркал
Сафири ҶТ дар Украина Файзулло Холбобоев бо муовини вазири умури хориҷаи Украина Елена Зеркал - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масоили густариши муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвар, таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод, савдо, фарҳангу маориф ва зарурати ривоҷи бештари онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Рӯзи гузашта сафири тозатаъини Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Украина Елена Зеркал супорид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКХ ҶТ.

Баъди маросими расмии эътои эътимоднома мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Украина бону Зеркал бо дипломати тоҷик дар Украина баргузор гардид.

Зимни нишаст масоили густариши муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвар, таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод, савдо,  фарҳангу маориф ва зарурати ривоҷи бештари онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, сафири ҶТ дар Украина Файзулло Холбобоев оид ба дастовардҳо ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон тайи солҳои ахир ибрози ақида намуда, аз ҳамкорӣ бо Киев дар бахшҳои муҳими иқтисоди ҷумҳурӣ ибрози миннатдорӣ намуд/

Ба ғайр аз ин, дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳо ва масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн суҳбат карданд.

Лентаи хабарҳо
0