03:38 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Мулоқоти намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо Петер Буриан бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов. 17 сентябри соли 2015

Намояндаи вижаи ИА: мо ҷонибдори амну субот дар Тоҷикистонем

пресс-служба МИД Таджикистана
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Балвои генерал: аз Душанбе то Ромит (22)
12 0 0

Иттиҳоди Аврупо бо фиристодани намояндаи вижааш бори дигар дастгирии худро аз тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи амнияту субот дар кишвар эълон кардааст. Аврупо ҳамчун шарики боэътимод ва ҷонибдори Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд, гуфтааст дипломат.

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Петер Буриан дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст, менависад дафтари матбуоти ВКХ.

"Петер Буриан дар мавриди ҳаводиси ахире, ки дар кишвар рӯй дод, бори дигар дастгирии Иттиҳоди Аврупоро ҷиҳати тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон баҳри ҳифзи амнияти давлатӣ ва субот таъкид карда, омодагии Иттиҳоди Аврупоро ҳамчун шарики боэътимод ва ҷонибдори Тоҷикистон дар роҳи субот, ислоҳоти демократӣ ва шукуфоӣ баён намуд",- омадааст дар хабари сарчашма.

Манбаъ меафзояд, дар ин вохурӣ, ки роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Хидайет Бишчевич ҳам ҳузур дошт, равандҳои муҳими ҳамкории дуҷониба миёни Аврупову Тоҷикистон, амният, масъалаҳои минтақавӣ, обу нерӯ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шудаанд.

Мавзуҳо:
Балвои генерал: аз Душанбе то Ромит (22)

Мавзуъ

ИА ироъаи кӯмакҳо барои демократикунонии кишварҳои ОМ-ро идома медиҳад
Барчаспҳо:
мулоқот дар ВКХ, ҳаводиси ахири Тоҷикистон, амният дар Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, ВКХ ҶТ, ИА, Петер Буриан, Сироҷиддин Аслов, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ