07:25 24 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Акси овехтаи нишони ҲНИТ дар қароргоҳи марказии он дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Кумита барои дифоъ аз аъзои ҲНИТ: шумори боздоштшудаҳо меафзояд

© Sputnik
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Ба гуфтаи Бузургмеҳр Ёров, алайҳи 13 узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бар асоси моддаи 187 (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ)-и Кодекси ҷиноӣ аз сӯи Додситонии кулли кишвар айб эълон шудааст, ки қонунгузорӣ барои ин навъи ҷиноят аз 15 то 20 соли зиндон пешбинӣ намудааст.

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Барои ҳимоя кардани ҳуқуқҳои онҳо аз сӯи наздикону пайвандонашон даҳҳо муроҷиатнома қабул кардаам, — гуфт, ҳуқуқшиноси тоҷик ва раиси Кумитаи ҷамъиятӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи Раёсати олии ҲНИТ Бузургмеҳр Ёров дар суҳбат бо Sputnik.

"13 нафар, аксарияти инҳо нафароне мебошанд, ки ному насабашон дар ВАО нашр шудааст. Ба ҷуз аз инҳо, боз ҳар рӯз даҳҳо муроҷиатнома қабул мекунем, ки аз боздошти ғайриқонунӣ ва эълони айбҳои беасос алайҳашон шикоят мекунанд", — афзуд Ёров.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, мақомот манзили бархе аз онҳоро мавриди бозҷӯӣ ҳам қарор додаанд, ки силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ пайдо шудааст.

"Гӯиё тир ва норинҷак пайдо кардаанд. Аз хонаи се узви ҲНИТ танҳо баъд аз бозҷӯии дубора силоҳ ёфт шудааст. Ҳамсари яке аз боздоштшудаҳо дар Душанбе гуфт, мақомот дар пакети селофании нав туфангчаеро пайдо кардаанд, ки ҳеч изе дар он дида намешавад", — афзуд Ёров.

Дар пайи эълони хатми амалиёти вижаи муштараки мақомоти қудратии Тоҷикистон барои нобуд кардани дастаи генерали кушташудаи Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 16 сентябр 13 узви фаъоли ҲНИТ аз сӯи мақомот боздошт шуданд. Пеш аз ҳама муовини раиси ҲНИТ Сайидумар Ҳусайнӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳангоми парвоз ба шаҳри Алмаато боздошт шуд, ки ба гуфтаи Ёров мақомот талош кардаанд, аввал бо ӯ дар масъалае ба мувофиқа бирасанд.

"Ӯро на аз дохили ҳавопаймо, балки аз фурудгоҳ барои "як суҳбат" даъват намуда, ба раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил бурдаанд", — таъкид кард ҳуқуқшиноси тоҷик.

"Маро дар бинои ин раёсат 3-4 соат манъ карданд, муносибат аввал хуб буд. Чанд кас омад, изҳор доштанд, ки мо хешу таборем, зора карданд, ки биё аз ҳизб даст каш, тариқи телевизион муроҷиат кун, ки ман аз ҳизб баромадам ва фаъолияти ҲНИТ нодуруст аст. Аммо зерҳимояам ин пешниҳодро рад карда, изҳор доштааст, ки ҲНИТ ҳизби конститутсионӣ аст ва дар асоси қонун фаъолият дорад. Гуфт баъде ки ҷавоби рад гирифтаанд, ӯро боздошт карда, ба боздоштгоҳи Кумитаи амният бурдаанд", илова намуд ӯ.

Ба гуфтаи Бузургмеҳр Ёров, алайҳи 13 узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бар асоси моддаи 187 (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ)-и Кодекси ҷиноӣ аз сӯи Додситонии кулли кишвар айб эълон шудааст, қонунгузорӣ барои ин навъи ҷинотя аз 15 то 20 соли зиндон пешбинӣ намудааст.

Ҳуқуқшиноси тоҷик таъкид кард, ки ҳамаи 13 узви боздоштшудаи ҲНИТ иттиҳоми ҳамдасти бо генерал Назарзодаро рад мекунанд.

Барчаспҳо:
ҲНИТ, фурудгоҳ, боздошт, ҳизб, Абдуҳалим Назарзода, Сайидумар Ҳусайнӣ, Бузургмеҳр Ёров, Алмаато, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ

  • Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

    Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси мазкур, мақоми ҷадид гирифтааст

    3712
  • Мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Раисҷумҳури Русия унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома барои иштирок дар 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ирсол намудаст.

    1067
  • Мошини БДА

    Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав кашмакаши як ронандаи солхӯрда бо нозири роҳро, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, баррасӣ карда, ронандаро ба андозаи беш аз 38 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

    958