10:28 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Эмомалӣ Раҳмон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфт. 8 июни соли 2015.

Суҳбати Раҳмон бо доктор Абдуллоҳ: аз масоили амниятӣ то марзӣ

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар бораи масоили амниятӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон суҳбат кардааст.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи 28 сентябр дар ҳошияи ҳамоиши ҷашнии 70-умин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк мулоқот кардааст, менависад сомонаи президент.

Ҷонибҳо дар ин вохӯрӣ сатҳи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистонро баланд арзёбӣ карда, масоили ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисоду иҷтимоъ, энергетика,  ҳамлу нақл ва маорифро баррасӣ карданд.

"Умедворам, ки саъйю талоши муштараки мо ва тамоми ҷомеаи байналмилалӣ ба таъмини субот, сулҳ ва пешрафти Афғонистон мусоидат хоҳад кард", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо доктор Абдуллоҳ.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар мегӯяд, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ таваҷҷуҳи бештар ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон,  омодасозии заминаи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва хатти барқии баландшиддати CASA-1000 аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон равона шудааст.

"Инчунин тарафҳо дар робита ба масоили амниятӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугӯи намудаанд", — афзудааст сомонаи президент.

Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар бораи масоили амниятӣ ва марзӣ дар ҳолест, ки ахиран ҷангиёни Толибон шаҳри Қундуз, маркази влояти Қундузи Афғонистонро таҳти тасарруфи худ дароварданд. Вилояти Кундузи Афғонистон бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад.

Барчаспҳо:
марзӣ, амниятӣ, мулоқот, баррасӣ, СММ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Эмомалӣ Раҳмон, Ню-Йорк, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ