09:07 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

TeliaSonera — яке аз бузургтарин ширкатҳои телекоммуникатсионӣ дар бозори ҷаҳонӣ.

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Тасмиси TeliaSonera дар мавриди берун рафтан аз маҳдудаи АвруОсиё ба Тоҷикистон рабт надорад, гуфтааст, Эрик Ҳалберг, раҳбари минтақаи АвруОсиёии "TeliaSonera" дар мулоқот бо раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.

Як ҳайат аз ширкати TeliaSonera бо раҳбарии Эрик Ҳалберг барои анҷоми як сафари расмӣ охири ҳафтаи гузашта вориди шаҳри Душанбе шуд.

Намояндагони ин ширкат дар ҷараёни боздиди худ аз Душанбе бо раҳбарияти бахши он дар Тоҷикистон — ширкати Тссел в хабарнигорон як қатор мулоқотҳо анҷом додаанд.

Эрик Ҳаллберг дар доираи ин сафари худ ба Душанбе бо раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Хидает Бишчевичем ҳам вохурдааст. Дар ин вохурӣ, мушкилоти макроиқтисодии минтақаю андозбандӣ ва фазои сармоягузорӣ баррасӣ шудааст.

Эрик Ҳалберг гуфтааст, тасими TeliaSonera дар мавриди фурӯши саҳмияҳои худ дар маҳдудаи АвруОсиё ба Тоҷикистон ҳеч рабте надорад. Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки барои ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба ин кишвар, бояд танзими давлатӣ, андозбандӣ ва бисёр соҳаҳои дигар бояд беҳтар карда шавад.

TeliaSonera  яке аз бузургтарин ширкатҳои телекоммуникатсионӣ дар бозори ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ин ширкат моҳи декабри соли 2002 дар пайи идғоми ширкатҳои "Sonera"-и Финляндия ва "Тelia"-и Шведсия таъсис ёфтааст. TeliaSonera дар кишварҳои Финляндия, Норвегия, Дания, кишварҳои Балтика, Туркия, Озарбойҷон, Русия, Молдова ва дигар кишварҳои ИДМ фаъолият мекунад.

 

Барчаспҳо:
ширкати TeliaSonera, АвруОсиё, саҳмия, фурӯши саҳмияҳо, ширкати телекоммуникатсионии Аврпуо TeliaSonera, Эрик Ҳалберг, Озарбойҷон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ