13:17 27 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Вазорати умури хориҷаи ИМА қайд кард, ки нозирони интихобот аз махфиёна сурат гирифтани ҳисоби раъйдиҳандагон ва рӯйхати онҳо изҳори нигаронӣ менамоянд.

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Департаменти давлатии Амрико дар пайи нашри як баёния эълом дошт, ки интихоботи парлумонии баргузоршудаи рӯзи якшанбе дар ҷумҳурии Қирғизистон қадами муҳим ба сӯи демократия арзёбӣ мегардад.

"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мардуми Қирғизистонро бо табиқи ҳуқуқашон ва ширкат дар интихоботи парлумонӣ табрик мекунад. Раисҷумҳури ҶҚ Алмосбек Атамбоев, комиссияи марказии раъйдиҳӣ ва мақомоти ҳокимияти давлативу ҷомеъаи шаҳрвандӣ барои баргузории ин интихобот мусоидат карданд ва ин қадаме устувор ба сӯи ҷомеъаи мардумсолорӣ арзёбӣ мешавад",- омадааст дар баёния.

Дар ҳамин ҳол, ВУХ Амрико қайд мекунад, ки нозирони интихобот аз махфиёна сурат гирифтани ҳисоби раъйдиҳандагон ва рӯйхати онҳо изҳори нигаронӣ менамоянд.

Интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи якшанбе гузашта сурат пазируфт. Барои соҳиб шудан ба 120 курсии вакилӣ намояндагони 14 аҳзоб вориди сабқат шуданд.  Барои ворид шудан ба ҳайати нави парлумони ин кишвар, ҳар ҳизб бояд ҳадди ақал 7%-и раъйро соҳиб шуда, ҳамзамон таъйиди 0,7%-и раъйдиҳандагон дар ҳар минтақаро ба даст орад.

Қаблан нозирони САҲА интихоботро интихоботи зинда ва рақобатпазир эълом карда буд.

 

Барчаспҳо:
изҳороти департаменти давлатӣ, қадаме ба сӯи демократия, интихоботи парлумонӣ дар ҶҚ, САҲА, ВУХ-и Амрико, департаменти давлатии ИМА, ИМА, Бишкек, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ