14:44 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Терминали нави ФБД. Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон озими Сочии Русия шуд

© Sputnik
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Президентро дар ин сафар ёрдамчиаш оид ба масоили равобити хориҷӣ ва дигар ашхоси расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми як сафари корӣ озими шаҳри Сочии Русия шуд, иттилоъ медиҳад торнамои расмии президент.

Бино ба иттилоъи манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт сарвари кишварро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии раисҷумҳур оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода ва ашхоси дигари баландпояи ҳукумат ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар бораи мӯҳтавои сафар иттилоъи дигар рӯи даст нест.

Барчаспҳо:
боздиди корӣ, сафари президент ба Русия, Раҳмон ба Сочӣ рафт, президенти Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Бахтиёр Худоёрзода, Эркинхон Раҳматуллозода, Эмомалӣ Раҳмон, Русия, Сочӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ