08:36 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Президенти Тоҷикистон таъкид кард, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва минтақаи мо ҳамгироии самарабахшро тақозо мекунад.

Душанбе, 7 окт — Sputnik. Шоми сешанбеи 6 октябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочӣ бо президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот кард, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии сарвари давлат.

Дар нишаст масоили вобаста ба вазъи минтақа ва рушди муносибатҳои дӯстӣ, инчунин тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф баррасӣ гардид.

Президенти Русия Владимир Путин ҳамтои тоҷикашро ба шаҳри Сочи хайра мақдам гуфта, ба савия ва муҳтавои робитаҳои ду кишвар, ки ба муносибатҳои стратегӣ ва муттафиқӣ асос ёфтаанд, баҳои баланд дод.

«Мо ба сатҳи муносиботи байнидавлатӣ бо Русия баҳои баланд медиҳем ва аз тамоми имконот истифода мебарем, ки шарикии стратегӣ ва муттафиқии мо бемайлон рушд намуда, бо такя ба таҷрибаи ҳамгироии андӯхтаамон таҳким ёбад»,- иброз дошт Раҳмон аснои сӯҳбат.

Ҳамзамон, президенти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва минтақаи мо ҳамгироии самарабахшро тақозо мекунад.

Ба иттилоъи манбаъ, дар робита ба ин, доир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникӣ ва роҳҳои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ҳамчунин доир ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва роҳҳои содда намудани шароити кору зиндагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар қаламрави Русия мубодилаи афкор сурат гирифт.

Барчаспҳо:
ҳамкориҳои судманд идома меёбанд, баррасии масоили вазъи марзу муҳоҷират, мулоқоти Раҳмону Путин, шарики стратегӣ, президенти ФР, президенти Тоҷикистон, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Сочӣ, Афғонистон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ