07:06 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Александ Лукашенкои 61-сола барои бори панҷум раиси ҷумҳури Белорус интихоб шуд.

Душанбе, 12 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як нома ҳамтои беларусии худ — Александр Лукашенкоро барои бори панҷум президент эълон шуданаш табрик гуфтааст, — менависад, сомонаи президенти кишвар.

Тибқи иттилои манбаъ, дар номаи Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла омадааст, "муҳтарам  Александр  Григоревич, Шуморо   бо  пирӯзии  боэътимод  дар  интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Беларус самимона  ва  сидқан шодбош мегӯям".

Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки хабари пирӯз эълон шудани Лукашенкоро "бо шодмонии хоса" дарёфтааст.

"Такроран интихоб шудани Шумо далели  равшани боварии олист, ки ба роҳбарӣ ва  хатти  машйи Шумо  дар роҳи шукуфонии  кишвар, беҳсозии некуаҳволии мардум  ва  болобарии  бемайлони  обрӯи давлати  Белорус  дар  арсаи  ҷаҳон  зоҳир мегардад", — таъкид шудааст, дар номаи Раҳмон.

Александ Лукашенкои 61-сола барои бори панҷум раиси ҷумҳури Белорус интихоб шуд. Ӯ дар соли 1994 дар даври дуюми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баранда шуда ва дар соли 1996 аз тариқи ҳамапурсӣ муддати раёсати ҷумҳурии худро то соли 2001 тамдид карда буд.

Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Белорус  Александр Лукашенко, президенти феълии ин кишвар бо касби 83,49 дарсади овозҳо баранда шуд, иброз дошт намояндаи КМИ Лидия Ермошина. "Дар маҷмӯъ Александр Лукашенко 83,49%-и райъи интихобкунандагонро дар кишвар соҳиб шуд",- гуфт, намояндаи КМИ Лидия Ермошина

Барчаспҳо:
Александр Лукашенко, пирӯзӣ дар интихобот, табрик, нома, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, Александр Лукашенко, Эмомалӣ Раҳмон, Беларус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ