02:59 24 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.45
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
43 0 0

Президент ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст, ки узвияти се нафар аз аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бозхонд карда шавад.

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъул дар мақомоти прокуратура ва судҳо ба вазифаҳо таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарварони тозатаъини РВКД дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Дафтари матбуотии президент менависад, тағйироти кадрӣ дар мақомоти Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия, Суди олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ сурат гирифт.

Дар додситонии кишвар ба вазифаҳои сардорони Раёсатҳои назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук ва Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон,   Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи ҷумҳурӣ, прокуророни ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Ҷиликули вилояти Хатлон ва ноҳияи Тавилдара шахсони нав таъин шуданд.

Бо амрҳои президент  Ғоибназар Амирхоҷа бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сардори раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур ва Мирзозода Хурсандмурод Бурӣ аз вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ озод карда шуданд.

Ҳамчунин,  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст, ки узвияти се нафар аз аъзои Комиссияи марказии интихобот раъйпурсӣ бозхонд карда шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти президент, пешниҳоди раисҷумҳур ба бозхонди се нафар узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимова Вера Петровна, Маҳмудов Ҷалолиддин Бурҳониддинович ва Сатторов Акбаралӣ Қурбонович ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Маврид ба ёдоварист, Ҷалолиддин Маҳмудов, узви раёсати олии ҲНИТ (ҳизби ҳамакнун фаъолияташ табӯшуда Тоҷикистон), ки узви КМИР буд, 10-уми феврали 2015 аз ҷониби мақомот бо ҷурми нигоҳ доштани силоҳ боздошт шуда буд. Моҳи июли соли равон бо ҳукми суд барои 5 сол равонаи зиндон гардид.

Инчунин, узви дигари КМИР- Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистон 29-уми августи соли равон дар синни 50-солагӣ аз дунё даргузашт.

Барчаспҳо:
амри раисҷумҳур, бозхонди се аъзои КМИР, тағйироти кадрӣ, прокуратураи генералӣ, Додгоҳи олӣ, президенти Тоҷикистон, КМИР, Ҷалолиддин Маҳмудов, Акбарлӣ Сатторов, Мирзозода Хурсандмурод Бурӣ, Ғоибназар Амирхоҷа, Эмомалӣ Раҳмон, Тавилдара, Хатлон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ