Медведев ба Раҳмон: қазияи марги Умаралӣ таҳти назорат аст

© Пресс-служба президента ТаджикистанаВохурии Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев дар Душанбе. 30 октябри соли 2015
Вохурии Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев дар Душанбе. 30 октябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ҳукумати Русия дар навбати худ изҳор доштааст, ки рафти таҳқиқи ин ҳодиса зери назорати шахсии ӯ ҷарор дорад ва барои муайян намудани ҳамаи ҷонибҳои ин рӯйдод гурӯҳи махсуси тафтишотӣ таъсис ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ҳукумати Русия Дмитрий Медведев дар вохурии худ дар шаҳри Душанбе ба қазияи марги муҳоҷири 5-моҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербург таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, менависад сомонаи президенти кишвар.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни суҳбати Раҳмон ва Медведев изҳори боварӣ шудааст, ки санҷишу тафтиши кирдорҳои кормандони алоҳидаи мақомоти дахлдори Русия, ки боиси Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санк-Петербург гардид, бо риояи талаботи қонун ва мунсифона ҷараён меёбад ва омилони ин ҳодисаи нангин ҷазои сазовор хоҳанд гирифт.

"Мо умедворем, ки ин масъала дар доираи қонун ҳал мешавад ва бо ин кӯшишҳои истифодаи ин қазия аз ҷониби баъзе доираҳои манфиатдор барои тезутунд намудани руҳияи гурӯҳҳои маълум, аз ҷумла дар миёни муҳоҷирони корӣ ва зиён расондан ба муносибатҳои дӯстонаи мо барҳам зада мешаванд", — таъкид кардааст президенти Тоҷикистон.

Раиси ҳукумати Русия дар навбати худ изҳор доштааст, ки рафти таҳқиқи ин ҳодиса зери назорати шахсии ӯ ҷарор дорад ва барои муайян намудани ҳамаи ҷонибҳои ин рӯйдод гурӯҳи махсуси тафтишотӣ таъсис ёфтааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон раиси ҳукумати Русияро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, субҳи имрӯз ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои манбаъ, дар баробари суҳбат дар робита ба қазияи марги Умаралӣ Медведев ва Раҳмон мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва масоили вобаста ба робитаҳои дуҷонибаи ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти шарикии стратегии Тоҷикистону Русия таъкид карда, изҳори боварӣ намудааст, ки ҳамаи масоили рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду шарики стратегӣ ва муттафиқ ҳаллу фасл шуда, робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории Душанбею Маскав пайваста таҳкиму густариш меёбанд.

"Дар робита ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, хусусан густариши нооромиҳо дар шимоли Афғонистон, ба масоили вобаста ба татбиқи барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва дастгирии техникии нерӯҳои сарҳадии кишвари мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид", — афзудааст манбаъ.

Инчунин масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла иҷрои нақшаҳои кории ширкати Газпроми Русия дар Тоҷикистон ва фаъолияти нерӯгоҳи обии Сантӯда-1 ҳам аз мавзӯъҳои муҳими суҳбати Раҳмон бо Медведев будааст.

Лентаи хабарҳо
0