23:24 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷон Керрӣ дар Душанбе 3 ноябри соли 2015

Сафари аввалини Керрӣ ба Душанбе оғоз шуд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Ҷаноби Керрӣ қаблан аз Қирғизистон ва Қазоқистон боздид карда, бо раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар шаҳри Самарқанд мулоқот кард.

Душанбе, 3 ноя — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ субҳи имрӯз дар доираи сафари худ ба Осиёи Марказӣ вориди шаҳри Душанбе шуд.

Интизор меравад, ӯ имрӯз бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунад.

Сафари Керрӣ ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки Душанбе дар пешорӯӣ воридшавӣ ба Иттиҳоди гумрукии АвруОсиё ва наздиктар шудани равобиташ бо Русия, ки кафолати таъмини амнияти он дар доираи СПАД-ро медиҳад, қарор дорад.

Шояд мақомоти амрикоӣ ба Тоҷикистон идома додани сиёсати дарҳои бозро пешниҳод кунанд, мегӯяд мудири маркази таҳлилии МГИМО — Донишкадаи равобити байналмилалии Маскав Андрей Казантсев.

Аммо сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Мулоқонов бар ин бовар аст, ки ҷаноби Керрӣ барои баррасии вазъи Афғонистон ба Душанбе омадааст.

"Дар аввал бояд гуфт, ки ин сафар марбут ба бадшавии авзоъ дар Афғонистон аст", — гуфт ҷаноби Мулоҷонов дар суҳбат бо Sputnik. — Амрикоиҳо ҳоло дар рӯбарӯи мушкили берунории комил ё бахши неруҳои худ аз Афғонистанд. Ҳоло тасмим гирифта шудааст, ки қисмате аз ин неруҳо дар хоки Афғонистон боқӣ монад, ки ин ба Вашингтон мушкилоти зиёд эҷод хоҳад кард ва онҳо бар иловаи ин бо баъзе аз мушкилиҳои дигари модию молӣ ва сиёсии марбут ба Афғонистон, ки бояд ҳар чи зудтар ҳал шаванд, рӯбарӯанд.

Инчунин ба назари ҳамсуҳбати мо, дар Душанбе масоили таъмини амнияти минтақаҳои шимоли Афғонистон ҳам баррасӣ хоҳад шуд.

"Ҳоло ҳам барои ИМА ва ҳам барои Душанбе таҳкими хатти марзҳо муҳим аст ва масъалаи аз сӯи кӣ ва дар кадом шакл нигаҳбонӣ шудани марзҳо ҳам", — афзуд Мулоҷонов.

Ҷаноби Керрӣ қаблан аз Қирғизистон ва Қазоқистон боздид карда, бо раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар шаҳри Самарқанд мулоқот карда буд.

Барчаспҳо:
дарҳои боз, сиётсат, неруҳо, молӣ, Ҷон, Керрӣ, Эмомалӣ, Раҳмон, Осиёи Марказӣ, ИМА, сафар, мушкилот, Афғонистон, Тоҷикистон, Душанбе, сафар, ВКХ ИМА, Адрей Казантсев, Парвиз Мулоҷонов, Ҷон Керрӣ, Ислом Каримов, Эмомалӣ Раҳмон, Самарқанд, Узбакистон, Вашингтон, Қирғизистон, Қазоқистон, Душанбе, Тоҷикистон, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ