10:08 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин (аз рост) ва нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ (аз чап) аснои мулоқоти дар ҳамоиши G20 дар Анталияи Туркияремя встречи на полях саммита Группы двадцати (G20) в турецкой Анталье.

Нахуствазири Ҷопон сафари Путинро ба Токио бо Обама мувофиқа мекунад

© Sputnik / Михаил Климентьев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Мулоқоти нахуствазири Ҷопон бо президенти Русия дар ҳошияи ҳамоиши G20 дар Анталияи Туркия баргузор гардида, ба иттилои сухангӯи Кремл зимни он масоили тавофуқи дуҷониба ва боздиди президенти ФР аз Токио баррасӣ гардид.

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ аснои мулоқот бо раисҷумҳури Амрико Барак Обама дар Анталия изҳор дошт, ки бо Владимир Путин, президенти Русия вохӯрда, сафари ахирӣ дар "рӯзҳои наздиктарин" ба Токио сурат мегирад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба оҷонсии Киодо.

Ҷаноби Абэ ба раисҷумҳури Амрико муҳтавои суҳбаташро бо Владимир Путин расонида, қайд кард, ки "боздиди сарвари Русия дар муҳлати наздиктарин ва пас аз анҷоми омодагиҳо" баргузор мешавад.

Нахуствазири Ҷопон ҳамчунин афзуд, вақти сафари президенти ФР ба Токио бо раисҷумҳури ИМА ҳамоҳанг хоҳад шуд ва аз ҷараёни он ӯро огоҳ хоҳанд кард. Қаблан маъмурияти Кохи сафед тавсеъаи ҳамкории Маскаву Токиоро нохушоянд тавзеҳ дода буд.

Боздиди Путин аз Токио бояд тирамоҳи соли 2014 сурат мегирифт, аммо бо сабаби ташаннуҷи авзоъ дар Украина ба таъхир гузошта шуд. Сафари раисҷумҳури Русия ба соли равон мавқуф гузошта шуд, аммо таърихи аниқи он ҳанӯз рӯшан нашудааст.

Мулоқоти нахуствазири Ҷопон бо Владимир Путин дар ҳошияи ҳамоиши G20 дар Анталияи Туркия баргузор гардида, ба иттилои сухангӯи Кремл Дмитрий Песков зимни он масоили тавофуқи дуҷониба ва боздиди президенти Русия аз Токио баррасӣ гардид.

"Интизор меравад, то замони боздиди Путин аз Токио сафари нахуствазири Ҷопон ба яке аз минтақаҳои Русия сурат бигирад",- афзуд Песков.

Барчаспҳо:
масоили иқтисодӣ, мувофиқа бо Обама, ҷсафари эҳтимолии Путин ба Ҷопон, ҳамоиши G20, Дмитрий Песков, Синдзо Абэ, Владимир Путин, Барак Обама, Анталия, Токио, Туркия, ИМА, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ