15:20 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар 21-умин анҷумани ҷаҳонии муҳити зист дар Порис

Раҳмон: Тоҷикистон ҳамкории мутақобиларо бо ИА тақвият мебахашад

© Страница МИД РТ в Facebook
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон аснои силсиламулоқотҳояш бо раҳбарони Иттиҳоди Аврупо иброз доштааст, ки кишвараш Иттиҳоди Аврупоро ҳамчун шарики муҳим ва боэътимоди хеш дар арсаи байналмилалӣ мешуморад.

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Рӯзи гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Пориси Фаронса, ки он ҷо бо манзури ширкат дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид ҳузур дошт, ба шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия сафар кард, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии сарвари давлат.

Ҳадаф аз сафари Раҳмон ба Брюссел вохӯрию мулоқот бо роҳбарияти олии Иттиҳоди Аврупо ва Комиссияи Аврупо, инчунин намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ эълон шудааст.

Зимнан, дар Белгия раисҷумҳури Тоҷикистон бо Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могеринӣ, Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск, Президенти Комиссияи Аврупо Жан Клод Юнкер ва бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии сармоягузорӣ Вилҳелм Молтерер мулоқот кардааст.

Аснои ин бештар масоили ҳамкорӣ дар самти иқтисод, мубориза алайҳи терроризм, амният дар минтақа, ҳуқуқи башарро баррасӣ кардаанд.

"Тоҷикистон хостори ҳамкориҳои пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд бо Иттиҳоди Аврупо мебошад",- иброз доштааст  Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот Федерика Могеринӣ.

Ҳамзамон, аз фаъолияти муассири Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ оид ба амният, мубориза бо терроризм, ифротгароии динӣ, радикализм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду чолишҳои муосир изҳори қаноат карда шуд.

Дар мулоқот бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск аз муносиботи тарафайн изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Ҷонибҳо баланд кардани сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар Афғонистон ва беҳтар гардидани вазъи амниятӣ ва субот дар ин кишвар, амалӣ намудани лоиҳаю барномаҳои аҳамияти минтақавӣ дошта мисли сохтмони роҳҳои мошингард ва оҳан, кашидани хатҳои барқ, сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва бунёди корхонаҳои пуриқтидор дар ҳудуди Тоҷикистон, ки ба манфиати тамоми мардуми минтақа донистаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Президенти Комиссияи Аврупо Жан Клод Юнкер гуфтааст, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷабҳа бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва робитаҳои устувори дӯстонаро бо Иттиҳоди Аврупо яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ меҳисобад.

Маврид ба тазаккур аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар Порис дар анҷумани ҷаҳонии муҳити зист ширкат ва суханронӣ карда буд. Ӯ рӯзи 30 ноябр дар ин ҳамоиш аз асароти тағйири иқлим ба муҳити зисти Тоҷикистон сухан ронд ва аз ҷумла гуфт, гарм шудани ҳавои сайёра боиси аз байн рафтани тақрибан 1000 пирях аз 14 000 прияхи кӯҳҳои Тоҷикистон — як манбаи умдаи таъмини оби дарёҳои Осиёи Марказӣ шудааст.

Барчаспҳо:
тавсеаи ҳамкориҳо, боздиди Раҳмон аз Порис ва Брюссел, анҷумани 21-умини муҳити зист, президенти Тоҷикистон, ИА, Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, Жан-Клод Юнкер, Доналд Туск, Федерика Могеринӣ, Вилҳелм Молтерер, Эмомалӣ Раҳмон, Фаронса, Порис, Белгия, Брюссел

Мавзӯъҳои асосӣ