00:59 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Ҳавопаймои Су-24, ки дар хоки Сурия сарнагун шуд

Вазири дифои Юнон: Су-24-и ФР дар ҳудуди Сурия ҳадаф қарор гирифтааст

Haberturk TV via AP
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Суқути Су-24-и Русия: сабаб ва пайомадҳои он (18)
18 0 0

Камменос бовар надорад, ки Туркия дар мубориза бо ДИИШ иштирок кунад.

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Ҳавопаймои зарбазани СУ-24-и Русия дар ҳудуди Сурия сарнагун карда шудааст, зеро дар сурати ғайр НАТО ҳатман дар асоси моддаи 5-и ойинномаи худ дар бораи мудофиаи дастаҷамъӣ вориди амал мешуд, истинод кардааст РИА Новости аз суханони вазири мудофиаи Юнон Панос Камменос.

"Ин далелро ҳам Туркия қабул дорад, зеро дар сурати дигар ҳатман ҳамчун кишвари мавриди ҳамла қарордошта иҷрои моддаи 5-и Ойинномаи НАТО-ро талаб мекард",— гуфтааст Камменос дар суҳбат бо рӯзноманигорон.

Ба гуфтаи Камменос, ӯ масъулияти гуфтани онро, ки ҳавопаймои Русия тасодуфан ё қасдан мавриди ҳадаф қарор гирифтааст, бар уҳда намегирад.

"Тасмим дар мавриди сарнагун сохтани ҳавопайморо фармондеҳ мегирад", — афзудааст вазири Юнон.

"Аз ҳама дида қазияи қатли халабони рус тавассути "Гургҳои биёбонӣ"ҷиддитар аст", — изҳор дошт Камменос.

Ӯ дар идома таъкид кардааст, ки агар ҳавопаймои Русия ҳарими ҳавоии Туркияро нақз мекард, мо ҳатман аз мавқеи Анқара ҳимоят мекардем. "Зеро Юнон узви НАТО ва Иттиҳоди Аврупо мебошад ва мо ҳеч гоҳ аз мавқеи Русия дар сурати нақз шудани ҳарими Туркия ҷонибдорӣ намекардем", — илова кардааст Камменос.

Вай инчунин зикр кардааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба қазияи нақзи ҳарими ҳавоии Юнон тавассути ҳавопаймои зарбазани Туркия баҳо бидиҳад.

Камменос бовар надорад, ки Туркия дар мубориза бо ДИИШ иштирок кунад.

Нирӯҳои ҳавоии Туркия ҳавопаймои Русияро рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта дар ҳарими ҳавоии Сурия суқут доданд. Ду узви экипажи ҳавопаймои СУ-24 тавассути парашют худро аз ҳавопаймои суқуткарда берун андохтанд, вале ҳангоми фуромадан ба оташи чирикиҳои Сурия дучор шуданд.

Бар асари ин қумандони ҳавопаймо Олег Пешков кушта шуд, вале штурмани ҳавопайморо бо анҷоми як амалиёти нирӯҳои вижаи артиши Русия, ки дар ҷараёни он як сарбози қарордодии рус кушта шуд, берун оварданд.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан суқути ҳавопайморо "ханҷар аз пушт" номид ва ахиран алайҳи Туркия як силсила таҳримоти иқтисодиву сиёсӣ ҷорӣ кард.

Таҳримоти Русия алайҳи Туркия, аз ҷумла манъи воридоти маҳсулоти кишоварзии Туркия ба Русияро дар бар мегирад.

Мавзуҳо:
Суқути Су-24-и Русия: сабаб ва пайомадҳои он (18)
Барчаспҳо:
сарнагун, Су-24, ҳарими ҳавоӣ, манъ, таҳрим, воридот, ҳавопаймо, ДИИШ, ДИ, ДОИШ, НАТО, Панос Камменос, Иттиҳоди Аврупо, Юнон, Туркия, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ