01:00 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Убайдуллоев: мардуми тоҷикро бештар аз Раҳмон касе дӯст намедорад

Фотохост-агентство
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Ин лоиҳаи қонун аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, дар он мафҳуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, салоҳиятҳо, орден, ҷоизаи давлатӣ, дахлнопазирӣ ва кафолатҳои амнияту таъминоти иҷтимоии Пешвои миллат ба танзим дароварда шудааст.

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Аъзои Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон қонуни "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат"ро, ки 9 декабри соли равон аз сӯи Маҷлиси намояндагон тасвиб шуда буд, тасдиқ кард.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи Маҷлиси миллии кишвар гуфт, "эълони раисҷумҳури кунунӣ ҳамчун Пешвои миллат баёнгари муҳаббати мардум ба ин фарзанди худ аст".

"Хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми худ камтар аз Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ нест", — афзудааст Имомзода.

Ӯ таъкид кардааст, ки қабули ин қонун муғоҷийр бо арзишҳои демоктаритӣ несту роҳро барои худкомагию диктотурӣ боз нахоҳад кард.

Номбурда инчунин афзудааст, ки бар асоси яке аз бандҳои ин қонун дар ҷумҳурӣ ордени Пешвои миллат таъсис дода мешавад.

Раиси Маҷлиси милии кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳам дар навбати худ суханронӣ карда, таъкид кардааст, ки ин кишвару миллатро ҳеч кас бештар аз Эмомалӣ Раҳмон дӯст намедорад.

Аъзои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 9 декабри соли равон якдилона Лоиҳаи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат"-ро қабул карданд.

"Лоиҳаи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии халқ дар атрофи ғояҳои созандаю бунёдкорона, таҳкими сохтори конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои фарзанди содиқу вафодори халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳомии роҳи таърихии рушди мамлакат ба сўи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд таҳия у пешниҳод гардидааст", — гуфта буд раиси Кумитаи ин маҷлис дар умури сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода ҳангоми муаррифии лоиҳа.

Ин лоиҳаи қонун аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, дар он мафҳуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, салоҳиятҳо, орден, ҷоизаи давлатӣ, дахлнопазирӣ ва кафолатҳои амнияту таъминоти иҷтимоии Пешвои миллат ба танзим дароварда шудааст.

Қабул ва тасдиқи ин лоиҳаи қонун аз ҷониби аъзои ҳар ду палатаи парлумони Тоҷикистон дар ҳолест, ки ки қаблан пешниҳоди расман пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби як гуруҳ олимон баҳсҳои ҷонибдорону мухолифон ба бор оварда буд.

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон бо нашри як матлаб бо номи "Дурнамои идеяи "пешвои миллат" дар Тоҷикистон" ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон мухолифат кардааст.

Ин идеяи расман ба Эмомалӣ Раҳмон додани унвони Пешвои миллат аз ҷониби академик, Носир Салимӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи муносибатҳои байналхалқии ДМТ дар ҳафтаномаи "Тоҷикистон" (2.04.2015) ва баъдан дар сомонаи расмии Ҳизби ҳокими халқи демократии кишвар, ки раҳбарии онро раисҷумҳури Тоҷикистон бар уҳда дорад нашр шуда буд.

Барчаспҳо:
асосгузор, пешво, миллат, лоиҳа, ваҳдат, миллӣ, қонун, Тасдиқи қонун, Маҷлиси Намояндагон - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ, Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ