01:50 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Нерӯи амниятии Арабистони Саудӣ ҳангоми парад

Сафир: эҳтимол аст, Душанбе ба эътилофи Риёз бипаёвандад

© AP / Mosa'ab Elshamy, File
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

Мақомоти Арабистон ахиран аз таъсиси эътилофи исломие барои мубориза бо террорризм таҳти раҳбарии Риёз хабар доданд. То ҳол ба ин эътилоф 34 кишвар пайвастааст.

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Душанбе эҳтимол аст, ба эътилофи мубориза алайҳи терроризм ба раҳбарии Риёз бипайвандад, навиштааст нашрияи расмии Арабистони Саудӣ бо истинод ба сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Аъзамшо Латифзода.

"Раҳбарияти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир пешниҳоди Риёз дар бораи пайвастан ба эътилофи исломӣ бо раҳбарии Арабистони Саудиро, ки ба хотири муборза бо терроризм ташкил шудааст, меомӯзад", — гуфтааст ҷаноби Аъзамшоҳ.

Ба гуфтаи ӯ, қарор аст Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи оянда ба Арабистони Саудӣ сафар карда, дар ҷараёни он бо шоҳ — Салмон ибни Абдулазиз дидор кунад.

"Ҷонибҳо дар ин вохурӣ масоили марбут ба тавсеаи равобити ду кишвар, аз ҷумла эҳтимоли пайвастани Душанбе ба ин эътилофро баррасӣ хоҳанд кард", — афзудааст Аъзамшоҳ.

Мақомоти Арабистон ахиран аз таъсиси эътилофи исломие барои мубориза бо террорризм таҳти раҳбарии Риёз хабар доданд. То ҳол ба ин эътилоф 34 кишвар пайвастааст.

 

 

Барчаспҳо:
эътилоф, терроризм, пешниҳод, мубориза, эҳтимол, Аъзамшоҳ Латифзода, Салмон ибни Абдулазиз, Эмомалӣ Раҳмон, Ар-Риёз, Арабистони Саудӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ