Раҳмон қонун “Дар бораи Пешвои миллат”-ро имзо кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаИнаугуратсияи Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи ноябри соли 2013
Инаугуратсияи Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи ноябри соли 2013 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин санад имрӯз, 25 декабр дар Душанбе аз ҷониби раисҷумҳур дар баробари чанд қонуни дигар имзо шуд.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»-ро имзо намуд, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии раисҷумҳур.

"Бо назардошти иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар асоси пешниҳоди бархе аз вакилон 9 декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси намояндагон қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» қабул ва 18 декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон якдилона ҷонибдорӣ карда шуд",- омадааст дар хабари манбаъ.

Парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Лоиҳаи қонун дар бораи Пешвои миллат хондани Раҳмон ба парлумон рафт

Ҳадафи аслии қонуни мазкурро Хадамоти матбуотии раисҷумҳур тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон арзёбӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, Қонуни мазкур аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро муқаррар мекунад.

Инаугуратсияи Эмомалӣ Раҳмон. Соли 2013 - Sputnik Тоҷикистон
Бо амри дил: Эмомалӣ Раҳмон “Пешвои миллат” эълон шуд

"Аз ҷумла мувофиқи моддаи 4 ин Қонун барои хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар назди Ватан — ордени «Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон» ва — ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон» таъсис дода мешаванд, ки шахсиятҳои намоён барои хизматҳои шоён дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳиссаи арзанда дар рушди демократия, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва дӯстии байни халқҳо аз ҷониби президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо сарфароз гардонида мешаванд",- меафзояд сарчашмаи хабар.

Инчунин, мувофиқи моддаи 11-и Қонуни мазкур осорхона, бойгонӣ ва китобхонаи Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат таъсис дода мешаванд, ки онҳо сарвати миллӣ ва моликияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Ба таъкиди дафтари матбуотии раисҷумҳур, қабули чунин як Қонун изҳори воқеият, арзи садоқату эҳтиром, қадршиносӣ ва подоши барҳақ ба хизматҳои шоистаи сарвари давлат аст.

Дар идомаи хабар қайд шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, бо истифода аз дигар мақому манзалати худ ва ниҳоят ҳамчун як фарзанди вафодори ин миллату сарзамин бо истифода аз хираду нерӯи нотакрори худ барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани азизамон ва устувору побарҷо мондани Тоҷикистон, барои зиндагии шоистаи халқи азизи Тоҷикистон дар оянда низ хидматҳои шоёну барҷаста хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0