15:31 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Истгоҳи Маскав дар шаҳри Санкт-Петербург. Акс аз бойгонӣ

Консулгарии генералии ҶТ дар Санкт-Петербург фаъол мешавад

© Sputnik / Сергей Субботин
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Дар назар аст, ки имсол дар баробари ду кишвари дигар дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия консулгарии генералии Тоҷикистон ифтитоҳ шавад.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Намояндаи вазорати хориҷаи Русия дар шаҳри Санкт-Петербург Владимир Запевалов, ки масъулияти умури идораҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар ин шаҳрро бар ӯҳда дорад, иброз дошт, ки қарор аст соли равон дар пойтахти шимолии ФР се кишвари дигар — Мексика, Ямайка ва Тоҷикистон — консулгариҳои генералии худро боз кунанд.

"Дар масъалаи ифтитоҳи консулгарии генералӣ Тоҷикистон талоши бештаре дорад ва шояд ҳамин сол консулгарии ҶТ дар Санкт-Петербург ба фаъолият оғоз кунад",- илова кард Запевалов.

Дар ҳоли ҳозир дар Петербург 29 консулгарии генералии кишварҳои хориҷӣ, 29 консулгарии ифтихорӣ ва 4 шӯъбаи сафоратхонаҳо амал мекунанд. Аз соли 2010 дар ин шаҳр консулгарии ифтихории Тоҷикистон низ ба раҳбарии Назар Мирзода, устоди Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург фаъол аст.

Ба иттилоъи расида, дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград 86 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ва то 4500 зодаи Тоҷикистон, ки аллакай соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, кору зиндагӣ мекунанд. Бештари онҳо дар сохтмонҳо, идораҳои коммуналӣ ва дар бозору амборҳои меваву сабзавоти ин шаҳр кор мекунанд.

 

Мавзуъ

Театри драмавии русӣ ба ҷашнвораи Санкт-Петербург меравад
Барчаспҳо:
консули ифтихорӣ, консули генералӣ, ифтитоҳи консулгарӣ, муҳоҷирони тоҷик, муҳоҷират, Вазорати умури хориҷаи ФР, Консулгарии ифтихории ҶТ дар Санкт-Петербург, консулгарии ҶТ дар Санкт-Петербург, Назар Мирзода, Владимир Запевалов, Санкт-Петербург, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ