Мулоқоти Раҳмон ва сардори сарситоди Артиши Чин дар Қасри миллат

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон бо узви Шӯрои маркази ҳарбӣ ва сардори штаби Артиши халқии озодгари Чин Фан Фэнхоэй мулоқот кард
Эмомалӣ Раҳмон бо узви Шӯрои маркази ҳарбӣ ва сардори штаби Артиши халқии озодгари Чин Фан Фэнхоэй мулоқот кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фанниашро бао давлати мардумии Чин тақвият медиҳад.

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо узви Шӯрои маркази ҳарбӣ ва сардори штаби Артиши халқии озодгари Чин Фан Фэнхоэй, узви Шӯрои маркази ҳарбӣ ва сардори штаби Артиши халқии озодгари Чин рушди ҳамкориҳои низомиро баррасӣ кард, менависад дафтари матбуотии президент.

Эмомали Рахмон на открытии аффинажной фабрики на совместном таджикско-китайском предприятии Зарафшон - Sputnik Тоҷикистон
Коршиносон: наздикшавии Тоҷикистону Чин барои Русия хатар надорад

Аснои суҳбат бо ин низомии баландрутбаи Чин масоили марбут ба амнияти минтақа ва ҷаҳон низ муҳокима гардида, дар меҳвари он тақвияти ҳамкориҳои низомии дуҷониба қарор дошт.

"Масъалаи таҳкими муносибатҳо дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин, дар маҷмӯъ бахши амниятӣ мавзӯи муҳими ҳамкориҳои кишварҳои мо мебошад",- қайд кард Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ва сардори ситоди Артиши халқии озодгари Чин аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, умедвор шуданд, ки бо талошҳои пайваста минбаъ низ ҳамкориҳои дуҷониба рушд хоҳад кард.

Ба ғайр аз ин, дар мулоқот дар баробари ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ,  атрофи масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси низомии тоҷик ва иҷрои созишномаҳои қаблан қабулшуда табодули назар сурат гирифта, саҳми кишвари Чин барои таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, муборизаи дастаҷамъона бо се хатари ҷаҳони муосир — терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухадди муҳим арзёбӣ гардид.   

Лентаи хабарҳо
0