ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Олмон ва раҳбари давраии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) Френк-Валтер Штайнмайер бо як сафари расмӣ ба Душанбе хоҳад омад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКХ ҶТ.
Ба қавли манбаъ, дар ҷараёни ин сафар, ки аввали моҳи апрел сурат мегирад, раҳбари сиёсати хориҷии Олмон бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидору мулоқот мекунад.
Ҷонибҳо дар нишастҳо ҳамкориҳо ва дурнамои равобити Тоҷикистону Олмон, инчунин ҳамкориҳоро дар ҳошияи САҲА ба баррасӣ мегиранд.