12:43 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат. 29 феврали соли 2016

Бо амри президент Ҳисориев аз вазифа озод, Мирзораҳимов директор шуд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
346 0 0

Бо амри президент Сафизода Қадамҷон Исмат аз вазифаи мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур озод карда шуд.

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik.Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо судури амру фармонҳои марбута дар сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ворид кард, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Тибқи иттилоъи манбаъ, бо сабаби ба нафақа баромадан Давлаталӣ Ҳотамов аз вазифаи муовини аввали вазири кишоварзӣ ва Ҳикмат Ҳисориев аз вазифаи роҳбари Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Тоҷикистон озод гардиданд.

Ҳамакнун, Мирзораҳимов Акобир Каримович аз вазифаи директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академия сабукдӯш ва ба курсии сарварии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон такя мезанад.

Бо фармонҳои дигари сарвари давлат, Билол Иброҳим, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун ва Асозода Нуралӣ Маҳмадулло, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда гардиданд.

Зимнан, райисчумҳур Каримзода Азизмадро аз вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ озод ва ба вазифаи муовини якуми Раиси ҳамин кумита таъин карда, Нозанинзода Нусратулло Бодом аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии озод ва ба вазифаи муовини якуми Вазири кишоварзии Тоҷикистон баргузида шуд.

Неъматзода Фаррух Неъмат низ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ба ҷойи ӯ Қурбонзода Хуршед Ҳазрат таъин шудаст.  

 

Мавзуъ

Раҳмон ТВ “Варзиш” ва “Синамо”-ро ба кор даровард
Барчаспҳо:
курсӣ, мансаб, вазифа, тағйироти кадрӣ, судури фармон, фармон, амри президент, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Тоҷикистон, президенти Тоҷикистон, Асозода Нуралӣ Маҳмадулло, Билол Иброҳим, Мирзораҳимов Акобир Каримович, Ҳикмат Ҳисориев, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ