23:33 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон аснои ироаи паём ба вакилони ҳар ду палатаи парлумон. 20 январи соли 2016

Ҷонибдории таҷлили “Рӯзи президент” аз ҷониби Шӯрои МН

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
21010

Ин тағйирот ба моддаи 2-и қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" дахл дошта, дар он таъкид мешавад, ки 16 ноябр ҳамчун "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" эълон ва ҳамасола таҷлил гардад.

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳоди ҳукумат дар бораи таҷлил аз "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар кишварро баррасӣ карда, аз ин тарҳ пуштибонӣ кардааст ва ин масъала дар ҷаласаи рӯзи чоршанбеи палатаи поёнии парлумон мавриди баррасӣ қарор хоҳаҳд гирифт.

Ба қавли дафтари матбуотии МН, ин тағйирот ба моддаи 2-и қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" дахл дошта, дар он таъкид мешавад, ки 16 ноябр ҳамчун "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" эълон ва ҳамасола таҷлил гардад.

"Лоиҳаи қонуни мазкур бо дарназардошти саҳми арзандаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст",- омадааст дар хабари сарчашма.

Маврид ба ёдоварист, моҳи декабри соли гузашта ду палатаи парлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат"-ро тасвиб карда ва онро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 декабр имзо гузошт.

Мавзуъ

Ҷавонтарин вакили парлумон роҳбари фраксияи ҲХДТ интихоб шуд
Барчаспҳо:
"Рӯзи президент", ҷашн, пешниҳод, таҷлил, Шӯрои маҷлиси намояндагон, ҳукумати ҶТ, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ