21:23 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Рамзи НАТО дар Бруссел. Акс аз бойгонӣ

Дежевски: пирӯзии Русия бар НАТО воқеъият аст

© Sputnik / Юрий Сомов
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
22 0 0

Дар доираи аз нав барқарор шудани ҳамкориҳои Шӯрои Русия ва НАТО эътилоф бори аввал бо Маскав наздик мешавад ва “зиёдаравӣ”-и худро дар Украина эътироф мекунад.

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Барқарор намудани фаъолияти Шӯрои Русия аз ҷониби НАТО аз тағйир ёфтани муносибати Аврупо бо Русия дарак медиҳад, менависад РИА Новости бо такя ба гузоришгари The Independent Мэри Дежевски.

Ҷониби Русия борҳо қайд намуд, ки барқарории ҳамкориҳо аз хоҳиши НАТО вобастагӣ дорад: дар мавриде, ки иттиҳод ҳамкориҳоро вайрон кард худаш бояд онҳоро барқарор намояд. Ғарб гузашт карда, доир намудани ҷаласаи НАТО-ро бо Русия пешниҳод намуд, мегӯяд Дежевски. Эҳтимолан қайд менамояд муаллиф, эътилоф  ҳама гуна муколамаро беҳ аз набудани он медонад.

"Нишасти Шӯрои Русия бо НАТО пирӯзии дипломатии Маскав мебошад. Аз ҳама муҳимаш ин ғолибияти воқеъият дар сиёсати хориҷии ҳамкориҳои Русия бо Шарқ ва Ғарб мебошад",-мегӯяд журналист.

Ба назари Дежевски солҳои охир ба сиёсати хориҷии Ғарб идеологҳо машғул буданд. Барои ҳамин ҳам менависад ӯ, Украинаро "майдони бархӯрди идеология, инчунин, як кишвари дигаре, ки бояд арзишҳои ғарб онҷо ғолиб ояд" мешуморанд.

Дар робита бо Русия дар ин масъала тавофуқ пешгӯӣ намешуд. Аввал аз Маскав иҷрои созишномаи Минск талаб карда шуд, ки он иҷро гардид. Баъд Ғарб изҳор дошт, ки ҳамкорӣ бо Русия то мавриде, ки Қримро ба Украина барнагардонидаанд, буда наметавонад (ба ин бошад ҳатто дар Киев боварӣ надоранд, қайд менамояд Дежевски).

"Ҷаласаи Шӯрои Русия бо НАТО аз пирӯзии реалистон дар сиёсати русии Ғарб дарак медиҳад. Ин эътирофи якумини нокомилии қувваи Ғарб  дар Украина аст",-хулоса мекунад муаллиф.

Нишасти Русия-НАТО рӯзи 20 апрел дар Брюссел доир гардид. Ин аввалин ҳамоиш дар ду соли охир мебошад. Интизор меравад, ки ҷонибҳо дар бораи ҳалли бӯҳрони Украина ва паст намудани хатари ҷанг сӯҳбат намоянд.

Муносибатҳои Маскав ва эътилоф баъди ба субекти Федератсияи Русия дохил шудани Қрим ва Севастопол аз баҳори соли 2014 тезу тунд гардид.

 

Мавзуъ

Путин оиди пайвастшавии Қрим: Русия кореро анҷом дод, ки ба зимааш буд
Барчаспҳо:
созиш, ҷонибҳо, эътироф, эътилоф, барқарорӣ, ҳамкорӣ, НАТО, Мэри Дежевски, Севастопол, Қрим, Аврупо, Украина, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ