05:22 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Имомуддин Сатторов сафири ҶТ дар ФР. Акс аз бойгонӣ

Эътои эътимодномаи Сатторов ба президенти Арманистон

© Sputnik / Александр Натрускин
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
32 0 0

Сафири феълии Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ҳамчунин иҷрои вазифаи сафири Тоҷикистон дар Арманистонро низ ба зимма мегирад.

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар шаҳри Еревани Арманистон маросими супоридани эътимодномаи дипломатии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ва Арманистон бо иқомат дар Маскав Имомуддин Сатторов ба президенти Арманистон Серж Саргсян баргузор гардид.

Тибқи иттилоъи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин мулоқот роҳбари Арманистон ба сафири Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноки дипломатӣ муваффақият орзу намуда, қайд кард, ки барои рушд ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба имкониятҳои васеъ мавҷуданд, ки онҳо ба пуррагӣ истифода намешаванд ва изҳори умед намуд, ки таъиноти сафир ба ин раванд нафаси тоза хоҳад бахшид.

Ҳамзамон, ҷонибҳо дурнамои рушди муносибаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва гуманитарӣ, ҳамзамон ҳамкории фаъол дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимнан, оқои Сатторов гуфтааст, барои рушд ва тавсеаи босамари муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳо ва халқҳои дӯст тамоми кушишҳоро ба харҷ хоҳад дод.

 

Мавзуъ

Сафири Тоҷикистон дар Украина эътимодномаашро ба ВКХ супорид
Барчаспҳо:
муносибатҳои дуҷониба, супоридани эътимоднома, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Серж Саргсян, Имомуддин Сатторов, Арманистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ