16:56 20 феврали 2018
Пахши мустақим
Вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Э.Раҳмон ва А.Ғанӣ таҳкими амнияти сарҳадро муҳим арзёбӣ карданд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Президенти Тоҷикистон қайд намуд, ки мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бояд қисми асосии мубориза алайҳи терроризму экстремизм дониста шавад.

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар вохӯрӣ дар шаҳри Душанбе дар бораи таҳким бахшидани марзу буми ду кишвар изҳор доштанд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон.

Дар вохӯрии расмӣ сарони ду кишвар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадирро, ки яке аз сарчашмаи асосии маблағгузории ҷинояткорон аст, асос арзёбӣ намуданд.

"Ҷонибҳо қайд карданд, ки таҳкими марзу буми кишварҳои ҳамсоя ва таъмини амният дар ин қаламрав муҳим аст. Тавассути фароҳам овардани шароити мусоид байни сарҳади ду кишвар мо кӯшиш мекунем, ки сарҳади байни ду кишварро ба сарҳади ҳамкориҳо ва дӯстӣ табдил диҳем",-гуфта мешавад дар иттилоия.

Ҷонибҳо ҳамчунин "масъалаи аз байн бурдани мушкилоти ҷаҳони ислом ва тақвияти ҳамкориҳои сатҳи нави давлатҳои исломиро баррасӣ намуданд". Таҳкими низоми байналмиллалии СММ ва нақши он барои кишварҳои дигар хеле муҳим аст.

Президенти Афғонистон рӯзи 12 май дар маросими гузоштани хишти аввали CASA-1000 иштирок мекунад. Лоиҳаи CASA-1000 (Central Asia — South Asia) ин коркарди нерӯи барқ дар Тоҷикистону Қирғизистон ва нақли он ба Афғонистону Покистон мебошад. Тоҷикистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ҳамаи созишномаҳои заруриро аз ҷумла ҳуҷҷатҳои нақли нерӯи барқ ва тарифи онро низ  ба мизо расониданд.

Лоиҳа соли 2020 бояд анҷом ёбад. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 1 миллиард долларро ташкил медиҳад. Маблағ ба таври зерин тақсимбандӣ карда шудааст: Тоҷикистон-314 миллион доллар, Қирғизистон-209 миллион, Афғонистон-354 миллион ва Покистон-209 миллион доллар.

 

Мавзуъ

Президенти Афғонистон вориди Душанбе шуд
Президенти Афғонистон ба Душанбе меояд. 10 май
Барчаспҳо:
экстремизм, терроризм, мубориза алайҳи қочоқи маводди мухаддир, ҳамкории ду кишвар, CASA-1000, СММ, Эмомали Раҳмон, Ашраф Ғанӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ