12:52 18 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.09
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Нахуствазирони Қирғизистон ва Покистон ба Душанбе меоянд

© Sputnik Амир Исаев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1410

Намояндагони ду кишвар ҳамроҳ бо президенти Тоҷикистон ва роҳбари Афғонистон дар маросими ифтиттоҳи лоиҳаи CASA-1000, ки ҳадафи он интиқоли нерӯи барқ дар давраи тобистон аз ҶТ ва Қирғизистон ба Покистон ва Афғонистон аст ширкат мекунанд.

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Сарвазири Покистон Навоз Шариф ва нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков барои амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистон меоянд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВУХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маросими расмии амалисозии лоиҳа 12 май дар шаҳри Турсунзода баргузор мегардад.

Дар доираи вохӯрӣ намояндагони ду кишвар бо сарвари Тоҷикистон Эмомали Раҳмон мулоқот доир намуда, маъсъалаҳои соҳаҳои иқтисод ва савдо, амният ва энерҷиро баррасӣ хоҳанд кард.

Қаблан хабар дода шуд, ки президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Душанбе омад.

Ҳадафи асосии лоиҳаи CASA-1000 интиқоли нерӯи барқи зиёдатӣ дар давраи тобистон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва Покистон мебошад. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 1 миллиард долларро ташкил медиҳад. Маблағ ба таври зерин тақсимбандӣ карда шудааст: Тоҷикистон-314 миллион доллар, Қирғизистон-209 миллион, Афғонистон-354 миллион ва Покистон-209 миллион доллар.

Анҷоми лоиҳа соли 2020 дар назар аст.

Мавзуъ

Э.Раҳмон ва А.Ғанӣ таҳкими амнияти сарҳадро муҳим арзёбӣ карданд
Барчаспҳо:
интиқоли нерӯи барқ, CASA-1000, ҳамкорӣ, Сооронбой Жээнбеков, Навоз Шариф, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ