Баъди бӯҳрон: Путин ва Эрдуғон дар бораи чӣ сӯҳбат карданд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкВохӯрии президентони Русия ва Туркия. Акс аз бойгонӣ
Вохӯрии президентони Русия ва Туркия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Туркия Тайиб Эрдуғон рӯзи сешанбе ба Питербург омад. Владимир Путин ҳамтои туркашро дар меҳмонхонаи Қасри Константиновский дар Стрелн (Питербург) қабул кард. Вохӯрӣ бо фишурдани даст оғоз гардид.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Вохӯрии аввалини президентони Русия ва Туркия Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон баъди бӯҳрон, ки дар Санк-Питербург баргузор гардид, 2 соат давом кард.

Пасон тарафайн масъалаи  муносибатҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ҳайъати васеъ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз Русия дар музокироти васеъ вазири  ВКХ Сергей Лавров, масъули сиёсати хориҷӣ ёрдамчии президент Юрий Ушаков, сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов, вазири энергетика ва сардори комиссияи ҳамкориҳои савдо ва иқтисодӣ Александр Новак, вазири рушди иқтисод Аликсей Улюкаев, вазири нақлиёт Максим Соколов, роҳбари "Газпром" Аликсей Миллер, роҳбари дастгоҳ Валерий Герасимов, намояндаи махсуси президенти Русия дар танзими вазъи Сурия Александр Леврантев ширкат варзиданд.

Ҳайъати Туркия иборат аз муовини сарвазир Маҳмад Шимшек, вазири корҳои хориҷӣ Мавлуд Ҷувушӯғлу, вазири иқтисод Нихат Зейбечкӣ, вазири энергетика Берат Албайрак, сардори Ташкилоти кашфи миллӣ Ҳоқон Фидан буданд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин вазири хоҷагии қишлоқи Туркия, вазири фарҳанг ва саёҳат, вазири нақлиёт, сафири Туркия дар Русия, муовини раиси Ҳизби адолат ва рушди Туркия ва котиби саноати мудофиаи вазорати мудофиаи кишвар ширкат намуданд.

Эрдоган ба Питербург рӯзи сешанбе омад. Путин ҳамкори туркиашро дар меҳмонхонаи юнонии Қасри Константиновскӣ дар Стрелн(Питербург) қабул намуд. Вохӯрӣ бо дастфишурӣ оғоз гардид.

Русия исбот кард, ки Су-24 дар осмони Туркия набуд

Президенти Русия сараввал пешвои Туркияро истиқбол намуда, изҳор дошт, ки муносибати Русияву Туркияро воқеаи ҳавопаймои Су-24 таназзул дод, аммо ҳузури ҳамтояшаз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ мехоҳад муколама ва муносибатҳоро ба хотири халқи ин ду мамлакат барқарор намояд. Сарвари давлати рус иброз намуд, ки мақсади ӯ баррасӣ намудани маҷмӯи муносибатҳои дутарафа аз ҷумла мубориза бо терроризм ва муносибатҳои иқтисодӣ бо Эрдоган мебошад. Эрдоган, дар навбати худ қайд намуд, ки ба васеъ шудани муносибатҳои Русияву Туркия  итминон дорад.

Бӯҳрон дар муносибатҳои Русияву Туркия дар он вақт сар зад, ки моҳи ноябри соли 2015 муборизи Туркия дар Сурия бомбаандози Русия Су-24 афтонид. Раисҷумҳур ин ҳодисаро аз тарафи ҳаммаслакони террористӣ "зарба ба тахтапушт" номид. Русия дар муносибатҳо бо Туркия якчанд маҳдудиятҳои иқтисодӣ ворид намуд.

Бӯҳронро мактуби расмии Эрдоган ба Путин, ки дар он пешвои туркӣ барои воқеаи Су-24 бахшиш мепурсид, мулоимтар намуд. Ҳамчунин додгоҳи Туркия нисбати гумонбари қотили ҳавонаварди Русия  тафтишот оғоз кард.

Лентаи хабарҳо
0