09:57 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон дар вақти баромад дар ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара 1 сентябри соли 2016

Раҳмон ҲНИТ-ро дар аланга додани ҷанги шаҳрвандӣ айбдор намуд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
118 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки халқи тоҷик то ҳол оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро, хусусан дар вилояти Хатлон ҳис мекунанд.

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik.  Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар рӯҳониёни тоҷик ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар аланга додани ҷанги шаҳрвандӣ  дар кишвар айбдор намуд.

"Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз масҷидҳои ҳамонвақта, аз ҷониби баъзе муллоҳо ва бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки тибқи қонун ҳизби террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он манъ гардидааст, оғоз шуда буд",- эълон намуд раисҷумҳур дар рафти баромади хеш дар Дарси сулҳ дар Донишгоҳи Данғара.

Ӯ қайд намуд,  ки халқи тоҷик то ҳол оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро, хусусан дар вилояти Хатлон ҳис мекунанд.

"Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем",- гуфт вай.

Прократураи генералии Тоҷикистон санаи 17 сентябри соли 2015 дастгир шудани 13 аъзои Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро, аз ҷумла аъзои қисми идоракунии ҳизбро бо гумони даст доштан дар амалиёти собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода, тасдиқ намуд.

Мувофиқи ахбори Прокуротураи генералӣ,  Назарзода бо фармон ва роҳбарии бевоситаи роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ 20 гурӯҳи ҷангии хурдро ҷамъ намуда мусаллаҳ гардонид, ки нақша доштанд бо ёрии  онҳо вазъи Тоҷикистонро ноором созанд.

Ҳамин тавр, суди олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро ташкилоти экстремистиву террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро қатъ гардонид. Санаи 2 июни соли 2016 Суди олӣ 14 намояндагони роҳбарияти ҲНИТ-ро ба муддатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум сохт.

 

 

Мавзуъ

12 ҳодисаи муҳими соли 2015: кӯшиши табаддулот ва фарҷоми ҲНИТ
Ба парвандаҳои аъзои ҲНИТ муҳри махфӣ зада шуд
Барчаспҳо:
Баромади раисҷумҳур, Эмомали Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ