17:33 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Сафари перзиденти Русмия ба Ӯзбакистон

ВАО-и Амрико аз зиёд гардидани нуфузи Русия дар Ӯзбакистон ҳарос дорад

© Sputnik / Алексей Дружинин
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
35 0 0

Пас аз марги пешвои чандинсолаи Ӯзбакистон Ислом Каримов дар ВОА-и Амрико якчанд суол пайдо гардидааст: бо Ӯзбакистон чӣ мешавад? Пеш аз ҳама онҳо аз зиёд шудани нуфузи Русия дар Ӯзбакистон дар ташвишанд.

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik.Васоити ахбори оммаи амрикоӣ муддао доранд, ки бояд масъалаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Бритониёро як сӯ гузошта ба рӯйдодҳои Ӯзбакистон назар афканд.

Чунин иддао сабабҳои зиёди худро дорад. Сабаби асосӣ- ин эҳтимоли ноором шудани вазъият дар кишвар мебошад. Марги пешвои бисёрсолаи ӯзбекон Каримов метавонад ба устувории кишвар халалдор шавад.

Агар ин ҳол ба амал ояд, пас Ӯзбакистон ба бисёр гурӯҳҳои террористӣ тӯъмаи муфт мегардад. Масалан, "Давлати исломӣ" (дар Тоҷикистон ва як қатор дигар давлатҳо манъгашта) мувофиқи маълумотҳои ВАО-и амрикоӣ муддати дароз аст, ки Ӯзбакистонро ҳадафи асосии худ медонад.

Охир дар бари Ӯзбакистон давлати ноустувори Афғонистон ҳам ҳаст, ки дар он ҷо аҳвол беш аз беш ноустувортар мешавад. Марбут ба ин гуфта мешавад, ки тамоми Осиёи Марказиро алангаи он метавонад "забона занад".

Аммо, ҳароси муаллифони ин гуна мақолаҳо пеш аз ҳама нақши Русия мебошад. Ақидаҳое ҳам баён мешаванд, ки агар Иёлоти Муттаҳида манфиатҳои худро дар Ӯзбакистон наҷӯяд, пас Русия таъсири худро дар ин минтақа афзун хоҳад кард.

Бояд хотиррасон намуд, ки ҳафтаи гузашта иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президенти Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев гуфта буд, ки ӯ роҳи сиёсати пешгирифтаи Ислом Каримовро давом хоҳад дод.

Ӯзбакистон мақсад надорад, ки ба СААД дохил шавад ё аз СҲШ берун гардад.  Ба фикри Мирзиёев ин на  иттиҳоди ҳарбӣ, балкӣ бештар иқтисодӣ аст.

Президенти Ӯзбакистон санаи 2-уми сентябри соли 2016 дар Тошканд вафот кардааст. Пеш аз ин табибон муайян карда буданд, ки вай ба сактаи майнаи сар гирифтор шудааст.

Маросими дафни Каримов дар шаҳри Самарқанд санаи 3-юми сентябр баргузор гардид.

Санаи интихоботи перзиденти тозаи кишвар 4-уми декабр муайян карда шудааст.

Пештар дар сӯҳбат бо Sputnik роҳбари шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Қазоқистони Донишкадаи ИДМ Андрей Грозин гуфта буд, ки ҳамаи гуфтаҳои амрикоиҳо дар он бора, ки онҳо гӯё Осиёи Марказиро дастгирӣ мекунанд, ҷиддӣ нестанд.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки ИМА ҳоло бо ОМ кордор нест. Ба гуфтаи вай чунин аҳвол дар тӯли даҳ соли охир ба назар мерасад.

"ИМА аз пойгоҳҳои ҳарбӣ аввал дар Ӯзбакистон ва пасон дар Қирғизистон маҳрум гардид. Дар ин минтақа то рафт савдои Амрико кам ба назар мерасад. Кӯмакҳои амрикоӣ низ ба ғайр аз барномаҳое, ки бо амният вобаста мебошанд, хело коҳиш ёфтаанд- қайд кард коршинос. Захираҳои амрикоӣ барои нигоҳ доштани мутлақи нуфузи хеш дар Осиёи Марказӣ, ки пештар дар солҳои 2000-ум ба назар мерасид, ҳоло камӣ мекунад ",- мегӯяд Грозин.

Мавзуъ

СҲШ: Афғонистон омили асосии таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ аст
Керрӣ: Вашингтон аз амният ва иқтисоди Осиёи Марказӣ ҳимоят мекунад
Барчаспҳо:
ВАО-и амрикоӣ, Шавкат Мирзиёев, Осиёи Миёна, Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ