15:44 14 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Бишкек. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон иштироки худро дар ҳамоиши Бишкек тасдиқ кард

© Sputnik / Олег Ласточкин
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҷаласаи ҷашнии кишварҳои ИДМ дар Бишкек (6)
17 0 0

Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо (ШСД) ИДМ санаи 16-уми сентябр дар бинои давлатии “Ала-Арча”-и назди ҳукумати президенти Қирғизистон Алмасбек Отамбаев баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Бисёре аз сарони кишварҳои — иштирокчии ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, иштироки худро дар ҳамоиши ҷашнии Иттиҳод, ки санаи 16-уми сентябр дар Бишкек баргузор мешавад, тасдиқ намуданд, иброз намуд ба рӯзноманигорон директори Департаменти иттиҳодияҳои ҳамгироӣ Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Балотбек Мукашев.

Ба гуфтаи вай то имрӯз Украина иштироки худро бо намояндагии сафири Украина дар Қирғизистон тасдиқ намудааст. "Интизор меравад, ки Ӯзбакстон низ иштироки худро тасдиқ намояд",- қайд намуд ӯ.

"Барои мо(Қирғизистон- шарҳ аз идора) рамзӣ аст, ки ҳамоиши ҷашнии ИДМ якҷоя бо ҷашнгирии 25-солагии истиқлолиятамон гузаронида мешавад. Дар чорчӯбаи намояндагии ҷумҳурӣ дар ИДМ имсол дар Қирғизистон наздики 10 нишаст дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти Иттиҳод ба амал омад. Коршиносон қайд мекунанд, ки он ҳамоишҳо бо роҳбарии Ҷумҳурии Қирғизистон самаранок ва дар сатҳи олӣ гузаштааст",- гуфт ӯ.

Интизор меравад, ки пас аз Қирғизистон ин дафъа ташкили ин чорабинӣ ба дӯши Русия меафтад. "Имрӯзҳо Русия тайёр аст, ки ташкили ин чорабиниро ба ӯҳдаи хеш бигирад",- қайд намуд намояндаи ВКХ Қирғизистон. Ӯ гуфт, ки қарори ниҳоӣ ташкилкунандаи мибаъдаи ин ҳамоиш  дар рафти саммит,  аз тарафи сарони давлатҳои  ИДМ муайян карда хоҳад шуд.

 

Мавзуҳо:
Ҷаласаи ҷашнии кишварҳои ИДМ дар Бишкек (6)

Мавзуъ

Мунтахаби Тоҷикистон ба Бозиҳои “кӯчманчиён” меравад. Ба Қирғизистон
Барчаспҳо:
Дар Бишкек баргузор гардидани ҳамоиши ҷашнии ИДМ, ВКХ Қирғизистон, Бишкек, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ