00:45 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Президенти ҶТ дар фурудгоҳи Тошканд

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бишкек

© ИА "Жахон"/Анвар Ильясов
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҷаласаи ҷашнии кишварҳои ИДМ дар Бишкек (6)
40 0 0

Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон санаҳои 16-17 сентябр вохӯрии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳур.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд, менависад манбаъ.

"Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳазанзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд",- омадааст дар хабар.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Бишкек санаҳои 16-17 сентябр вохӯрии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Иштироки худро дар иҷлосияи макзкур сорони Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Малдова- сарвазир ва Украина- сафир тасдиқ намуданд. Иштирок накардани президенти Туркманистон бо он вобаста аст, ки санаи 16-уми сентябр дар кишвар чорабинии сиёсии марбут ба ислоҳоти конститутсионӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад Исоқов.

Мавзуҳо:
Ҷаласаи ҷашнии кишварҳои ИДМ дар Бишкек (6)

Мавзуъ

Сарони давлатҳои ИДМ дар Бишкек: роҳбаронро чӣ гуна қабул ва меҳмондорӣ мекунанд
Барчаспҳо:
Сафари президент ба ҷаласаи ИДМ, Эмомалӣ Раҳмон, Бишкек, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ