06:06 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд. Шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Хизматҳои шоёни Эмомалӣ Раҳмон дар 1000 сомонӣ дарҷ мегардад

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
87 0 0

Директори филиали КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Шаҳринав пешниҳод кардааст, ки бо дарназардошти хизматҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои кишвару халқи тоҷик, расми ӯ дар пули 1000 сомонӣ гузошта шавад.

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Яке аз соҳибкорони тоҷик роҳбари филиали  КВД "Тоҷиксуғурта" дар Шаҳринав Шариф Каримов пешниҳод кард, ки дар рӯи асъори миллии1000 сомонӣ расми президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон гузошта шавад.

Бино ба гуфтаи Каримов Тоҷикистонро маҳз бо хизматҳои шоистаи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мешиносанду қадр мекунанд.  Бо ибтироки роҳбари давлат даст дод, то ҷанги шаҳрвандӣ поён ёбад, мардум аз гуруснагӣ наҷот ёбанд ва гурезагон ба манзилҳои худу ба ватанашон баргарданд, навиштааст Шариф Каримов дар яке аз нашриётҳои маҳаллӣ.

Маҳз барои ҳамин бояд расми президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 25-умин солгарди истиқлолияти ҶТ рӯи асъори 1000 сомонӣ дарҷ гардад.

Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асъори миллии зерин, ки аз ҷониби бонки милии ҶТ бароварда мешаванд дар муомилот қарор доранд:  1,3,5,10,20,50,100,200 ва 500 сомонӣ. Дар рӯи пулҳои миллӣ аксҳои ашхоси барҷастаи таъриху адабиёти халқи тоҷик, донишмандон,  файласуфон, шоирон ва кормандони фаъоли ҷамъиятӣ ва сиёсӣ дарҷ гардидааст.

Мавзуъ

Ҷонибдории таҷлили “Рӯзи президент” аз ҷониби Шӯрои МН
Барчаспҳо:
акси президент, 1000 сомонӣ, асъори миллӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ