00:38 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
2301

Маросими савгандёдкунӣ имрӯз дар ҷаласаи нахусти иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Аввалин шуда, Шукурҷон Зуҳуров савганд ёд кард.

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бори нахуст савганди садоқат ба халқро ёд карданд.

Маросими савгандёдкунӣ имрӯз дар ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баргузор гардид.

Аввалин шуда, раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба номи халқ қасам хӯрд.

"Ҳамчун вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият, ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси Конститусия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми нерӯ, дониш ва тарҷибаамро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок намоям",-гуфта мешавад дар матни савганд.

Тағйиру иловаҳо аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 22 июн қабул карда шуданд. Тағйироту иловаҳои мазкур аз матни сарқонуни кишвар, ки рӯзи 22 майи соли равон зимни раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида буд, бармеояд.

Чуноне қаблан раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров қайд кард, "савгандёдкунӣ масъулияти аъзоёни ҳукуматро дучанд намуда, сифати кори онҳоро беҳтар хоҳад кард".

Мавзуъ

Вакилон тарбияи зистмуҳитии наврасонро тақозо доранд
Барчаспҳо:
барои садоқат ба халқ, савгандёдкунӣ, Маҷлиси Намояндагон - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ