19:20 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Нишонаи НАТО, акс аз бойгонӣ

НАТО аз Осиёи Марказӣ “кӯч мебандад”

© AFP 2019 / VANO SHLAMOV
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
46 0 0

Созмони Атлантикаи Шимолӣ қарор қабул кардааст баҳори соли оянда маркази робитавии худро дар Тошканд маҳкам мекунад. Пас аз ин ҳамкорӣ бо минтақа аз Брюссел мувофиқа карда мешавад

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik.Маркази робитавии НАТО дар Осиёи Марказӣ охирҳои моҳи марти соли 2017 баста мешавад, хабар медиҳад сомонаи Snob.ru бо истинод ба ВАО-и маҳаллӣ.

Мубоширатан аз моҳи апрели соли оянда, НАТО фаъолияти худро дар Осиёи Марказӣ бевосита аз Брюссел ҳамоҳанг месозад.

Ба гуфтаи роҳбари марказ Розарии Пулизи, қарор мазкур бо назардошти буҷҷаи дохилии созмон қабул карда шудааст ва хусусияти сиёсӣ надорад.

"Ҳузури НАТО дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон то ҳол назаррас боқӣ мемонад. Дар риштаи барномаи ҳамкорӣ ба хотири сулҳ — ҳамкорони осиёимиёнагии мо метавонанд бо ихтиёри хеш, бо мо ҳамкорӣ намоянд",- гуфт Пулизи.

Намояндагии минтақавии НАТО дар Тошканд аз тобистони соли 2013 ба кори худ шурӯъ кардааст. Моҳи феврали соли 2016 бошад, ба ҳайси  роҳбари бюро Пулизи интихоб гардидааст.

Марказ вазифаҳои намояндагии дипломатиро оид ба банақшагирии мудофиавӣ, кӯмак дар амалиётҳои НАТО, маълумотӣ ҳарбӣ ва тайёр намудани кадрҳо бо шарикони худ дар Осиёи Марказӣ ба роҳ мондааст.

Барчаспҳо:
кӯч бастани созмон, НАТО, Розарии Пулизи, Дар ҷаҳон, Тошканд

Мавзӯъҳои асосӣ