Раҳмон ва Идрисов таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонистонро муҳокима карданд

© Flickr \ Официальная страница пресс-службы президента РТ / Гузариш ба медиабонкВохӯрии президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов. Акс аз бойгонӣ
Вохӯрии президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Эрлан Идрисов вазъи кунунии Афғонистонро муҳокима кард

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Зимни мулоқот бо вазири вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон президенти мамлакат вазъи кунунии ҷаҳон, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳифзи сарҳад бо Афғонистонро баррасӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар асоси ҳамшарикии стратегӣ ва дар доираи созмону ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вазири вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Қазоқистон ба Тоҷикистон меравад

Манбаъ мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати робитаҳои кунунии байнидавлатӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳ изҳори қаноатмандӣ карда, омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои тақвияти бештари муносибатҳои дӯстона ва Қазоқистон таъкид намуд.

Дар баробари ни зимни сӯҳбати пурмуҳтаво ҷонибҳо дар баробари баррасии ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин масоили авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, хусусан амнияту суботи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ бо ин кишварро мавриди муҳокима қарор дода аз нақшаҳои минбаъда дар муборизаи муштарак бар зидди терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ёдовар шуданд.

"Барои мусоидат ба беҳдошти вазъи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии Афғонистон тақвияти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии байниҳамдигарӣ, фароҳам овардани инфрасохтори зарурии энергетикӣ ва роҳу нақлиёт дар қаламрави ин кишвар, ҳамчунин таҳкими нерӯи инсонӣ дар Афғонистон тавассути рушди соҳаи маориф ва омода намудани мутахассисони ботаҷриба зарур шуморида шуд",-омадааст дар иттилоия.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба ҳалли дигар масоили умдаи минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим табодули афкор намуданд.

Лентаи хабарҳо
0