08:44 18 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
54 0 0

Владимир Путин президенти тозаинтихоби Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёевро дар рафти сӯҳбати телефонӣ муборакбод намуд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik.Президенти Русия Владимир Путин Шавкат Мирзиёевро ба муносибати ғолибият дар интихобот муборакбод намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл, имрӯз.

Ҳоло мувофиқи маълумоти КМИ Ӯзбакистон Мирзиёев 88,61% овозҳои интихобкунандагонро ба даст овардааст.

"Дар рафти сӯҳбати телефонӣ, ки имрӯз баргузор гардид, президенти Русия Владимир Путин Шавкат Мирзиёевро ба муносибати ғолибият дар интихобот муборакбод намуд ва дар ин мақоми олӣ борояш комёбиҳо таманно намуд",- омадааст дар хабар.

Қайд карда мешавад, ки тарафҳо дар густариши муносибатҳои Ӯзбакистону Русия изҳори ақида намуданд.

Илова бар ин Путин президенти интихобгардидаи Ӯзбакистон- Шавкат Мирзиёевро бо сафари корӣ ба Русия даъват намуд. Ҳамчунин Путин ба Мирзиёев барқияи табрикотӣ низ ирсол кардааст.

Барчаспҳо:
сӯҳбати телефонӣ, интихобот, Шавкат Мирзиёев, Владимир Путин, Ӯзбакистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ