18:15 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
119 0 0

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иёлоти Керала дидан карда, санаи 16 декабри соли равон ба Ню-Деҳлӣ меравад. Он ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ҳиндустон ва сарвазири кишвар вомехӯрад

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи оянда бо сафари корӣ ба Ҳиндустон меравад.

Дар шаҳри Ню-Деҳлӣ вохӯрии раиси ҷумҳур бо президенти Ҳиндустон Пранаб Кумар ва нахуствазири кишвар Нарендра Моди баргузор мегардад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба намояндаи расмии ВКХ-и Ҳиндустон Викас Сваруп.

"Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 14-18 декабри соли равон ба Ҳиндустон меравад. Ин сафари шашуми сарвари давлат ба Ҳиндустон хоҳад шуд. Зимни боздиди охирони Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2012 баргузор шуда буд, ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро то сатҳи шарики стратегии дарозмуддат рушд дода буданд",-хабар дод Сваруп зимни нишасти матбуотӣ.

Дидори президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди. 13 июли соли 2015
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иёлоти Керала дидан карда, санаи 16 декабри соли равон ба Ню-Деҳлӣ меравад. Он ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ҳиндустон ва сарвазири кишвар вомехӯрад. Дар ВКХ-и Ҳиндустон ҷузъиёти вохӯрӣ шарҳ дода намешавад, танҳо қайд мегардад, ки "мавзӯъи рӯз хушбинона аст".

Моҳи октябри соли равон дар доираи намоишномаи байналмиллалии "Тандурустии Ҳиндустон-2016" раиси палатаи савдои Тоҷикистон Шариф Саид ва президенти федератсияи палатаи савдои Ҳиндустон Сидхадх Бирла Созишнома оиди такшили шӯрои "Тоҷикистон-Ҳиндустон"-ро ба имзо расонид.

Ҷониби Ҳиндустон бо Тоҷикистон хостори ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, технологияи информатсионӣ, савдо, бонкдорӣ, суғурта ва сохтмони роҳ  шуданд.

Мавзуъ

Тоҷирони Ҳиндустон бозорҳои Тоҷикистонро меомӯзанд
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Ҳиндустон
Барчаспҳо:
Пранаб Кумар, Эмомалӣ Раҳмон, Ҳиндустон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ