Аз Каъба то Ҳинд: сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба мамолики хориҷ

© Flickr \ Официальный сайт президента РТСафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон. Акс аз бойгонӣ
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соли 2016 байни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамшарик бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон беш аз 35 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Сафарҳои расмии Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2016 аз  зиёрати Хонаи Худо ва сафари корӣ ба  Арабистони Саудӣ шурӯъ шуда, бо боздид аз Ҳиндустон ба анҷом расид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Арабистони Саудӣ ва имзои 5 созишнома

Дар сафари расмии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ панҷ санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм ва технология, маориф, ҷавонон ва варзиш, алоқаи ҳавоӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ имзо шуд.

Манбаъ дар қатори 5 созишномае, ки дар анҷоми мулоқоту музокироти Эмомалӣ Раҳмон ва подшоҳи Арабистони Саудӣ, Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд  ба имзо расиданд, асноди зеринро номбар кард.

Ҳаҷҷ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳои Арабистони Саудӣ 50% зоирини тоҷикро ба Каъба бурданианд

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ;
Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Мамлакати Арабистони Саудӣ;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон шоҳи Арабистони Саудиро ба Тоҷикистон даъват кард.

Кувайт ва сармоягузории бештар

Нахустин санадҳои ҳамкории Тоҷикистону Кувайт, ки соли 1995 ба имзо расида буданд, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, савдо, илм ва техника, дар соҳаи иттилоот ва доир ба машваратҳои сиёсӣ ташкил медоданд.

Эмомали Раҳмон зимни баромад дар саммити об адр Будапешт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷалби бештари сармоягузорӣ: барои чӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Будапешт рафт

Дар пайи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар ҳузури сарони ҳар ду кишвар 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Протокол дар бораи доир намудани машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории амниятӣ;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба алоқаи ҳавоӣ;
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисодиёти араб;

Индонезия ва мубориза бар зидди террорзим

Ин сафари сеюми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Индонезия мебошад. Дар пайи музокироти сатҳи олии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ҷоко Видодо, президенти Индонезия диққати махсус ба мубориза алайҳи терроризм равона шуда, 4 санади нав ба имзо расид.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сафари сеюми Эмомалӣ Раҳмон ба Индонезия

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур созишнома миёни ҳукуматҳои ду кишвар барои бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ.

Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии мубориза бар зидди терроризми Ҷумҳурии Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза алайҳи терроризм, Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Маркази гузоришҳои трансаксионии молиявӣ ва аналитикии Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи маълумоти молиявии кашшофии вобаста ба шустушӯи маблағҳо ва маблағгузории терроризм ба имзо расид.

Бо анҷоми сафари расмии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Индонезия дар охири моҳи июл ва оғози моҳи август пояҳои ҳуқуқию қарордодии санадҳои ҳамкории байнидавлатӣ таҳкиму тавсеа ёфта, ҷамъи санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои ду давлат ба 10 адад расонида шуданд.

Чехия ва дӯстии ҳавоӣ

Дар рафти сафари корӣ президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Чехия Милош Земан ду ҳуҷҷат ба имзо расонид.

Сухан дар бораи бастани Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия оид ба алоқаи ҳавоӣ ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Чехия аз ҷониби Прокуророни генералии ҳар ду кишвар меравад, менависад манбаъ.

Шри-Ланка ва рушди варзиш дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2016 ба Шри-Ланка рафт. Дар Шри-Ланка вохӯрии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Шри-Ланка Майтрипала Япа Сирисена баргузор гардид.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Майтрипала Япа Сирисена 4 санади дуҷониба ба имзо расид:

Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка;

Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Шри-Ланка - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон бо сарвазири Шри- Ланка бори дигар аз вазъи сиёсии Афғонистон ёдовар шуд

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
Ёддоштнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати стратегияи рушд ва тиҷорати байналмилалии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка дар мавриди мувофиқасозии созишнома оид ба ҳамкории мутақобила.

Сафари шашуми Эмомалӣ ба Ҳиндустон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабр бори тшашум ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафар кард.

Дар шаҳри Ню Деҳлӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ, Сарвазир Нарендра Модӣ ва дигар шахсиятҳои олимақоми давлату ҳукумати ин кишвар дидору мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Дар пайи мулоқот имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Баёнияи муштарак оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон;

Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахши ҳарбӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард

Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз пардохти андоз аз даромад;

Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҳиндустон оид ба ҳамкории дар соҳаи мубодилаи иттилоотии мақомоти кашшофии молиявӣ вобаста ба қонунигардонии "расмикунонии" даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм;

Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прасар Бҳарат — Хадамоти ҷамъиятии радио ва телевизиони Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи радио ва телевизион ва табодули барномаҳои аудиовизуалӣ иштирок намуданд.

Осиёи Марказӣ, СҲШ, ИДМ ва СПАД,

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар соли 2016 ҳамчунин президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланди Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими сатҳи байналмилалию минтақавӣ ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон ва Федретсияи Русия сафарҳои корӣ анҷом доданд.

Умуман дар ҷараёни сафарҳои расмию давлатии Пешвои миллат ба мамолики хориҷӣ, ташрифи роҳбарияти олимақоми дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ соли 2016 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамшарик бо иштироки бевоситаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 35 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расида, сатҳу сифати ҳамкориҳои дуҷониба ба маротиб ва беш аз пеш беҳтар гардонида шуданд.

Лентаи хабарҳо
0