19:33 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Мулоқот бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ. Акс аз бойгонӣ

Кадрҳои баландихтисос зиёд мешаванд: мулоқоти Э. Раҳмон бо Питер Буриан

© Фото: официальная страница пресс-службы президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
108 0 0

Зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо Питер Буриан тақвияти бештари ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос манфиатбор арзёбӣ шуд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дирӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ вохӯрда, ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили соҳаи маорифро барррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва тамоюли густариши ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

"Барои тақвияти бештари ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм ҳавасмандӣ зоҳир гардида, дар ин самт тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар риштаҳои фанҳои дақиқ ва технологияҳои нав манфиатбор арзёбӣ шуд",-омадааст дар иттилоия.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои вобаста ба ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Барномаи индикативии бисёрсола барои давраи то соли 2020 ва Стратегияи минтақавии Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Аз болоравии ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори хушнудӣ карда, ҷанибҳо ҷиҳати тақвияти муносибатҳо дар роҳи кам кардани таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Дар мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба амнияту суботи минтақа ва ҷаҳон, вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон ва афзоиши хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Мавзуъ

Таваҷҷуҳи ҳукумати ҶТ ба бахши маориф бештар мешавад
Маблағгузории бахши маориф дар соли 2015 ҳудуди 16% афзоиш ёфт
Дар вазорати маориф ва илми Тоҷикистон телефони эътимод пайдо шуд
Вазорати маориф дастур дод, ки китоби президент омӯхта шавад
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, вохӯрӣ, мулоқот, Иттиҳоди Аврупо, Питер Буриан, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ