06:39 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
81 0 0

Эмомалӣ Раҳмон президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни маҷлиси Шӯрои ҷамъиятӣ супориш дод, то барои занони соҳибкор квотаҳои иловагӣ ҷудо карда шавад

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси Шӯрои ҷамъиятӣ бо аъзоёни фаъоли ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ташкилоту созмонҳо ва иттиҳодияҳои гуногуни ғайридавлатию ҷамъиятӣ, динию фарҳангӣ вохӯрд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Қайд мешавад, ки махсусан, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва корхонаҳои хурду миёна, ки аз ҷониби занон таъсис ёфта, роҳбарӣ карда мешаванд, ба корҳои хайрхоҳона бештар машғул шуда, ба аҳолии ниёзманд ва муҳтоҷ кумаки худро мерасонанд.

"Барои занону духтарон квотаҳо муқаррар намуда, барои интихобу ҷобаҷогузории онҳо дар ҳамаи зинаҳо мусоидат карда шавад",-омадааст дар иттилоия.

Озода Раҳмон раиси дастгоҳи президенти ҶТ. Акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Президент қайд кард, ки бонувону духтарон ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа барои суботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат баробари мардон талош карда истодаанд.

Падидаи наве, ки солҳои охир дар фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ арзи ҳастӣ намуд, мониторинги ҷараёни иҷрои Паёми Президенти кишвар доир ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мебошад.

Бо ин мақсад дар сохтори Шӯрои ҷамъиятӣ комиссияи босалоҳият аз ҳисоби аъзои Шӯро таъсис ёфтааст.

Комиссияи мазкур вазъи иҷрои дастуру супоришҳоеро, ки аз паёмҳои Роҳбари давлат бармеоянд, таҳлил менамояд ва аз номи Шӯро пешниҳодҳои мушаххасро ба Президенти кишвар манзур месозад.

Барчаспҳо:
маҷлис, Шӯрои ҷамъиятӣ, Эмомали Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ